Бисту шашуми феврали соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Гвардияи миллӣ ва Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиа пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Барои таъин ба вазифаи муовини якуми прокурори генералӣ номзадии Назарзода Ҳотам Назрулло, муовинони прокурори генералӣ Осимзода Муҳаммад Иброҳим ва Ваҳобов Валӣ Манонович, муовин-сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Сафаралӣ Раҳим ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Наимӣ Аламхони Қодириён муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Ҳамчунин барои таъин ба вазифаи раиси Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиа номзадии Лангариев Файзалӣ Салмонович пешниҳод гардид.
Хотиррасон бояд намуд, ки дар асоси эродҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор гардида буд, роҳбарони аксари воҳидҳои сохтории Прокуратураи генералӣ, прокуророни ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз вазифа озод гардида, ба ҷойи онҳо кадрҳои ҷавону варзида ва соҳибкасб таъин шуданд. Тағйироти кадрӣ дар мақомоти вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ин соҳаҳо идома дорад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ҳамаи кормандони мақомоти прокуратура ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ аз аттестатсия гузаронида шаванд.
Зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои масъул пешниҳодшуда Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро барои хизмати содиқонаю софдилона ба халқу Ватан, бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии соҳаҳои мазкур ва муборизаи беамон бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои коррупсионӣ, ҳидоят намуд.
www.president.tj