Сиюми марти соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон шаш нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъин карда, ҳамчунин як қатор тағйироти кадрӣ амалӣ намуд.
Ҳамин тариқ, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд:
- Фарҳод Раҳимӣ – президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-Сафарзода Хайрулло Амиралӣ — директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун»;
- Саодат Аминҷонова – муовини сартабиб оид ба корҳои муолиҷавии Беморхонаи клиникии шаҳрии №1 ба номи С.Ӯрунови шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд;
- Меҳринисо Бобобекова — раиси Бунёди байналмилалии «Хубони порсигӯ»;
- Мурзабай Ҷошбаев – раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
- Абдурасул Насимов – раиси Ҷамоати деҳоти «Фрунзе»-и ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинҳои якум ва муовинони роҳбарони як қатор вазорату идораҳо таъин карда шуданд.
Саидраҳмон Назриев, ки то ин вақт муовини вазири рушди иқтисод ва савдо буд, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо таъин шуд.
Хол Ҳайдар муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нав, Саъдулло Гардуллозода муовини вазири саноат ва технологияҳои нав, Сӯҳроб Мирзоев муовини якуми вазири нақлиёт, Ҷамшед Шерматов муовини вазири молия ва Ҷамшед Шоимов муовини вазири энергетика ва захираҳои об таъин гардиданд.
Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Файзуллоев сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зафаршо Иброҳимов муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шаҳло Неъматова муовини директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.
Тавре аён мегардад, аксари шахсони ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба вазифаҳои нави пурмасъулият дар ҳайати роҳбарии вазорату идораҳо таъингардида кадрҳои ҷавон ва кордону корозмуда мебошанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаашон барору комёбӣ таманно намуда, ҳамзамон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан ҳидоят кард.
www.president.tj