Таъиноти кадрӣ

№55 (3356) 18.04.2015

суд

Понздаҳуми апрели соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Тавре аён гардид, Карим Каримзода аз вазифаи судяи Суди конститутсионӣ бозхонд ва ба вазифаи муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Абдуллоҷон Абдуллоев, бинобар сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи судяи Суди конститутсионӣ бозхонд карда шуда, Даврон Ҳошимзода ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллозода ва муовини якуми раиси Суди Олӣ Маҳмудҷон Ашӯров бо сабаби расидан ба синни нафақа аз ин вазифаҳо бозхонд карда шуданд.

Шермуҳаммад Шоҳиён аз вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд ва ба вазифаи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Абдулҳафиз Ашурзода, ки ҳоло муовини якуми раиси Суди шаҳри Душанбе аст, ба вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Тибқи пешниҳоди дигар, ваколати ҳафт нафар судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар сабаби ба поён расидани муҳлати ваколаташон, бозхонд ва шаш нафар судяе, ки муҳлати ваколаташон ба анҷом расида буд, барои интихоб ба муҳлати нави судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Ваколати муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мародбегим Ширинҷон ва чор нафар судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сабаби ба синни нафақа расиданашон, бозхонд карда шуд.

Зебуннисо Абдуллоева ба вазифаи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаш нафар судяи ҷавон, ки беш аз панҷ сол дар судҳои поёнӣ таҷрибаи корӣ андӯхтаанд, ба вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Ҳамин тариқ, тибқи пешниҳодҳо аз Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 нафар ба нафақа рухсат дода мешаванд.

Номзадии 23 кадри ҷавону корозмудаи ин соҳаҳо ба вазифаҳои пурмасъулият пешниҳод шуданд, ки аз онҳо ду нафар ба Суди конститутсионӣ, 14 нафар ба Суди Олӣ ва ҳафт нафар ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд.

Доир ба интихоб ва бозхонд намудани шахсони мазкур пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Нусратулло Абдуллозода, ки аз вазифаи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа рухсат дода шуд, барои хизматҳои бисёрсолаи арзандааш дар мақомоти судӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ арзи сипос карда, кадрҳои ҷавони ба вазифаҳои пурмасъулият пешниҳодшударо ба хизмати содиқонаю софдилона ва саҳмгузорӣ дар таъмини адолати судӣ дар ҷомеа ҳидоят намуд.

www.president.tj