Таъиноти кадрӣ

№62 (3363) 30.04.2015

Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» Хайруллоев Насрулло аз вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе, Назаров Бурҳон Маъруфович ва Мансуров Ҷамшед Мақсудович аз вазифаи муовинони раиси шаҳри Душанбе бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон, Қурбонова Руқия Атоевна бо сабаби ба нафақа баромаданаш озод гардиданд.

Расулов Ашурбег Раҳматуллоевич ба вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе, Лангариева Ҷамила Салмоновна, Мақсудзода Шуҳрат ва Самадов Шакарбек Додхоевич ба вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе таъин карда шуданд.

 www.president.tj