Таъиноти кадрӣ

№91 (3392) 06.07.2015

19271248300_17f224f85f_oПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи шашуми июли соли 2015 як гурӯҳ кадрҳоро, ки ба вазифаҳои пурмасъулият дар мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ ва ба корҳои роҳбарӣ дар як қатор вазорату идораҳо таъин шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Тағйироти зиёд дар мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ ба амал бароварда шуд. Аз ҷумла Қурбонзода Шариф Ҳабибулло сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Алимардонзода Маҳмудалӣ Амрияздон муовини сарпрокурори ҳарбии ҷумҳурӣ, Муҳаммадӣ Изатулло Сайфуллозода муовини якуми прокурори вилояти Суғд, Солизода Арабшо прокурори шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, Раҳмонзода Анвар Хол прокурори шаҳри Исфараи вилояти Суғд, Арабзода Муҳаммад Хӯҷа прокурори ноҳияи Айнии вилояти Суғд, Сироҷзода Сайфиддин прокурори ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, Абдусатторзода Умедҷон прокурори шаҳри Нораки вилояти Хатлон, Ҳисориев Маҳмадамин Исматович прокурори нақлиёти вилояти Хатлон, Юсуфзода Абдурашид Сангаҳмад прокурори ҳарбии Гарнизони Қӯрғонтеппа ва Собирзода Идибек Қосим прокурори ҳарбии Гарнизони Рашт таъин карда шуданд.

Назрӣ Шамсмуҳаммад ва Одинаева Зулфия Ҳомидовна аз вазифаҳои муовинони вазири нақлиёт озод карда шуданд.

Ҳамчунин Ёрова Зулфия Маҳманабиевна муовини вазири нақлиёт, Фахруддинов Фарухҷон Неъматович сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Айниддин Самариддин муовини роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рауфов Сӯҳроб директори Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон, Асоев Самаруддин муовини якуми сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият», Сангмамадова Моҳира Пайшанбеевна муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият», Назаров Умед Абдураҳимович муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» ва Каримов Бахтовар Абдураҳимович, ки то ин вақт сармуҳаррири радиои «Садои Душанбе» буд, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»   таъин гардиданд.

Мирзоҷалолов Атохоҷа Мирхоҷаевич бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» озод карда шуд. Расулӣ Хайринисо бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» рухсат дода шуд.

Тавре аён гардид, аксарияти кадрҳои таъингардида ҷавонони дорои қобилияти хуби роҳбарию идорӣ ва ҳисси баланди ватандӯстию масъулиятшиносӣ мебошанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шахсони ба вазифаҳои пурмасъулият дар мақомоти прокуратура таъингардидаро ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои коррупсионӣ, хариду фурӯши замин, пешгирӣ аз ифротгаройӣ ва коҳиш додани ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғон ҳидоят намуд. Таъкид  гардид, ки барои пешгирӣ аз гумроҳшавӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию тундрав бо ҳамаи мақомоти давлатию ҷамъиятӣ бояд ҳамкорӣ тақвият дода шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ҳамаи нафарони ба вазифаҳои баланду пурмасъулият таъингардидаро ба кору хизмати софдилонаю содиқона, тарғибу ташвиқи ҷавонону наврасон ба тарзи ҳаёти солим   ва ба ҳифзи шоиста аз манфиатҳои давлати Тоҷикистон ҳидоят намуд.

www.president.tj