Таъиноти кадрӣ

№36 (3516) 17.03.2016

25182939853_db0b9d134f_o15 марти соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодшуда дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати ташкили кор ва назорати иҷрои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини якуми прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардиданд.

Инчунин прокуророни ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, ноҳияҳои Конибодому Зафарободи вилояти Суғд ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин карда шуданд.

Ба вазифаи сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ноҳияҳои Фирдавсию Шоҳмансури шаҳри Душанбе, шаҳри Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Қубодиён ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон, шаҳрҳои Гулистон  ва Бӯстони вилояти Суғд ва ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадрҳои ҷавону корозмуда таъин гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншуда онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона ҳидоят намуда, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои давлату миллат, садоқат ба халқу Ватан, иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи касбиро дар мадди аввал гузошт.

 www.president.tj