Таъиноти кадрӣ

№30 -31 (3667 - 3668) 18.03.2017

32636532983_f2ac972c05_o15 марти соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои масъули хизмати давлатӣ таъин гардиданд, мулоқот намуданд.

Тағйироти кадрӣ ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳии Вазорати мудофиа, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи илмҳо, Кумитаи телевизион ва радиоро дар бар гирифт.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматуллозода Сахидод директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, Ниёзӣ Ёрмуҳаммад — директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Тоҷикистон, Давлатзода Қудрат — ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Шарифзода Мумин Машокир — ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Фақеров Ҳамидуллохон — ректори Донишкадаи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Ҷӯрабоев Ҷамшед — ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Идиев Хайриддин — ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таъин гардида, Латифзода Диловар аз вазифаи ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг  ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо сабаби ба нафақа баромаданаш озод карда шуд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зевар аз вазифаи директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» озод ва муовини вазири фарҳанг таъин гардид. Бо қарорҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Музаффар — муовини вазири фарҳанг, Саидов Носир — директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», Шамсуддинзода Садриддин — директори Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» ва Шамсиддинзода Субҳиддин директори телевизиони «Тоҷикистон» таъин гардиданд.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои ҳайати раёсати Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» тасдиқ карда шуд.

Ба вазифаи сардорони раёсатҳои маорифи вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба тавсия шуда, барои рафъи камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, гузаронидани ислоҳоти соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба роҳбарияти навтаъини Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дастур доданд, ки сатҳу сифати таълиму тарбияро беҳтар намуда, барои аз байн бурдани кирдорҳои дорои характери коррупсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, шаффофият ва назорати дурусти маблағҳои Буҷети давлатӣ, таъмини фазои мусоид дар онҳо чораҳои зарурӣ андешанд .

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссарони ҳарбии комиссариатҳои ҳарбии ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин командирони қисмҳои ҳарбии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор шаҳру навоҳии мамлакат аз ҳисоби кадрҳои ҷавон, таълимгирифтагони ду-се муассисаи олии таҳсилоти низомӣ дар дохил ва хориҷи кишвар таъин гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадр­ҳои ба вазифаҳои пурмасъули соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат таъи­н­гардидаро ба хизмати софдилона ва садоқат ба давлату миллат даъват намуда, таъкид доштанд, ки дар иҷрои вазифаҳои навашон бо ҳисси баланди масъулият муносибат намоянд.

www.president.tj