Таъиноти кадрӣ

№115 (3752) 28.09.2017

26 сентябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунанда ва воҳидҳои сохтории Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонов Акрам бо сабаби ба нафақа баромаданаш, Паноев Сӯҳроб ва Воҳидов Фарҳод бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифаи муовинони раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд.

Бо қарорҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Алихонов Зубайдулло, Мирзоев Нусратулло ва Мирзонаботов Алишер — муовинони раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Ҳамчунин, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғиёсов Ҷумахон аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, Бегназаров Амирбег — муовини якуми раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Тағйироти кадрӣ, ҳамчунин дар раёсатҳо ва воҳид­ҳои сохтории Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон, вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе амалӣ гардид.

www.president.tj