13 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои низомӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Вазорати рушди иқтисод ва савдо тағйироти кадрӣ ворид намуданд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиракзода Ҳикматулло муовини якуми фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ-сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуллозода Нурулло Ҳамид муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.
Дар мувофиқа бо Президенти мамлакат сардорони раёсатҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, инчунин, сардорони як қатор отрядҳои сарҳадӣ аз ҳисоби кадрҳои ҷавону корозмуда ва мутахассисони варзида пурра карда шуданд.
Ба вазифаҳои масъули баъзе раёсатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дастгоҳи марказӣ низ мутахассисони соҳибтаҷриба таъин гардиданд.
Тағйироти кадрӣ дар баъзе аз ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ сурат гирифт. Роҳбарии ин воҳидҳои низомӣ ба уҳдаи афсарони донандаи забонҳои хориҷӣ, хатмкардагони зиёда аз ду муассисаи олии таълимоти ҳарбӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат гузошта шуд.
Ҳусайнзода Солеҳ Ҳусайн бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи муовини вазири мудофиа озод гардид.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Умед бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири рушди иқтисод ва савдо озод ва Ҷӯразода Тоҷиддин, ки дар вазифаи муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамуд, ба вазифаи муовини вазири рушди иқтисод ва савдо таъин гардид.
Бо қарорҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бекмуроди Айдибек Ширинбекзода аз вазифаи роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» озод ва Тоҳирҷонзода Сураҷ Ғуломамад ба ин вазифа таъин карда шуд.
Ҳамчунин, бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Саидҷаъфар Саидович аз вазифаи муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» озод гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат ба ҳар як хизматчии давлатӣ муваффақият орзу намуда, таъкид карданд, ки зимни иҷрои масъулияти давлатӣ ва вазифаҳои хидматӣ поквиҷдон, ба давлату миллат содиқ ва ҳушёру зирак бошанд.
www.president.tj