Таъиноти кадрӣ

№140 (3777) 23.11.2017

22 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъул дар дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷӣ ва роҳбарии ҳайатҳои намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор давлатҳои хориҷӣ ва созмону ташкилоти байналмилалӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрединов Исматулло Ҳикматуллоевич муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Ҳамчунин, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон консулҳои генералӣ дар шаҳрҳои Москва ва Уфаи Федератсияи Россия, Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ва муовини сардори Департаменти Кумитаи иҷроияи ИДМ (дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус) аз ҳисоби мутахассисони ҷавони соҳибтаҷриба ва донандагони зиёда аз ду забони хориҷӣ таъин гардиданд.

Зимни суҳбат Пешвои миллат ба кадрҳои ба вазифаҳои масъули соҳаи дипломатия таъингардида барору комёбӣ орзу намуда, таъкид доштанд, ки ҳангоми адои хизмати давлатӣ манфиати давлату миллатро аз ҳар манфиати дигар боло гузошта, барои рушди ҳамкориҳои гуногунсоҳа, равобити дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари иқомат тамоми донишу таҷриба, маҳорату кордониро истифода намуда, садоқати худро ба Ватан дар амал исбот намоянд.

www.president.tj