12 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар мақомоти судӣ ва корҳои дохилӣ ба вазифаҳои масъул таъин гардиданд, мулоқот намуданд.
Бо фармонҳои Президенти мамлакат раисони судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва баъзе шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таъин гардиданд. Сардорони раёсатҳои корҳои дохилӣ дар ВМКБ, вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва дигар сохтору воҳидҳои мақомоти мазкур дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва дастгоҳи марказии вазорат иваз карда шуданд.
Оид ба интихоб ва бозхонди судяҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба вазифаи муовини раиси Суди Олӣ интихоб гардидани Исҳоқӣ Амирхон, судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Аланазарзода Шароф, Тағозода Абдуқаҳҳор, Аҳмадзода Ҷамшед, Комилзода Илҳом, инчунин ба вазифаи муовини раиси Суди Олии иқтисодӣ интихоб гардидани Комилӣ Файзалӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол намуданд.
Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйироти кадрӣ ба амал бароварда шуд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Хисрав аз вазифаи фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш озод ва Рауфов Сӯҳроб ба ин вазифа таъин гардид.
Ҳамчунин, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони раёсатҳои корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт, сардорони раёсатҳои корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Вахш, Фархор, Ҳамадонӣ, Хуросон, Ёвони вилояти Хатлон, ноҳияҳои Истиқлол, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Нуробод, Файзобод ва сардорони як қатор раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дастгоҳи марказӣ аз ҳисоби кадрҳои баландихтисосу соҳибтаҷриба ва содиқу поквиҷдон таъин гардиданд.
Зимни суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз авзои пешгӯйинашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус минтақа, изҳори нигаронӣ намуда, аз ҳар як нафари ба вазифаҳои масъулу пуршараф таъингардида зиракиву ҳушёрӣ ва садоқат ба Ватанро талаб карданд.
Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда дар роҳи таъмини адолати судӣ ва риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ барору комёбӣ орзу намуданд.
www.president.tj