Таъиноти кадрӣ

№59 - 60 (3853 - 3854) 15.05.2018

11 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар мақомоти прокуратура ва Палатаи ҳисоб ба вазифаҳои масъулу сатҳи роҳбарӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Прокуророни шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Темурмалик, Вахш, Шамсиддини Шоҳин ва муовини прокурори вилояти Хатлон, прокуророни ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва прокурори ноҳияи Рашт аз ҳисоби мутахассисони ҷавону ботаҷриба таъин карда шуданд. Дар дастгоҳи марказии Палатаи ҳисоб – сараудиторон ва дар дигар вазифаҳои сатҳи роҳбарии ин мақомот низ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ба вазифаи сараудитор таъин намудани Салимзода Собир ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломзода Муҳаммад муовини раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» таъин гардид.

Пешвои миллат зимни суҳбат бо кадрҳое, ки аксарият ҷавону корозмудаанд, таъкид намуданд, ки пайваста омӯзанд, донишу маҳорати касбӣ ва малакаи роҳбариро сайқал диҳанд, ба иҷрои вазифа ва ­масъулияти ба зиммадошта бо ҳисси баланди масъулият ва поквиҷдонона муносибат намоянд, сазовори эҳтироми мардум гардида, ба давлату миллат хизмати содиқона намоянд.

www.president.tj