Таъиноти кадрӣ

№4 (3150) 08.01.2014

Шашуми январи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Ҳамин тариқ, олими варзида ва сиёсатмадори шинохта Худобердӣ Холиқназаров, ки то ин вақт муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Директори қаблии Маркази тадқиқоти стратегии назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохон  Маҳмадов аз ин вазифа бо сабаби ба нафақа баромадан озод гардид.

Абдураҳим Холиқов аз нав раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Тоҷиддин Асомиддинов ва Азизулло Мирзоев, ки кадрҳои ҷавону кордони соҳа мебошанд, муовинҳои раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Нурулло Маҳмадуллоев муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Анвар Бобоев сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Наврӯз Ҷаъфаров ба ҷойи Аъзамҷон Мирзоев сардухтури санитарии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Зебо Юнусова аз вазифаи сардори Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд ва Абдукарим Шехов, ки то ин вақт сардухтури Маркази миллии тиббӣ буд, ба вазифаи сардори Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Собиқ Котиби миллии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА Солеҳ Муминов ба ҷойи Сайдулло Ёрмаҳмадов сардори Хадамоти назорат дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Варзишгари маъруфи тоҷик, ҷоизадори мусобиқаҳои сершумори минтақавию байналмилалӣ Дилшод Назаров муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Бо розигӣ ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони як қатор раёсатҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати корҳои дохилӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда шуданд.

Ба вазифаи роҳбарии шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикобод, Хоруғ, Дарвоз, Конибодом, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ғончӣ, Истаравшан ва Бохтар шахсони дигар таъин карда шуданд.

Ҳамчунин, ба ҷойи прокурорҳои шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Нуробод, Тавилдара, Ҷиргатол, Шуғнон, Рӯшон, Мурғоб, Панҷакент, Шаҳристон, Конибодом, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Сарбанд кадрҳои дигар омаданд.

Тавре аён гардид, аксарияти ба вазифаҳои пурмасъулият таъингардида кадрҳои ҷавону болаёқат мебошанд, ки аллакай таҷриба ва маҳорату малакаи хуби корӣ касб намудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат онҳоро барои ба вазифаҳои нав таъин шудан табрик гуфта, ҳамзамон ба хизмати содиқонаю софдилона ба давлату миллат, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои давлатии Тоҷикистон, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, такмил додани донишу маҳорати касбии худ ва тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадор ҳидоят намуд.

www.president.tj