31 январи соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон беш аз 50 нафар кадрҳои ба вазифаҳои нав таъингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат Сарвари давлат онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи халқу Ватан ҳидоят карда, таъкид дошт, ки савганди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳамчунин савганди ҳар як роҳбару масъули сохторҳои давлатӣ дар назди мардум бошад. Аз ҳар яки онҳо, ҳамчунин талаб карда шуд, ки вазифаҳои худро бо виҷдони пок, масъулияти баланд ва сифати матлуб иҷро намуда, дар татбиқи босамари барномаҳои давлатӣ, нақшаҳои корӣ ва дигар санадҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши босазо гузоранд.
Ҳамин тариқ, Эмин Сангинов муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Абдусалом Мирзоев муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Меҳринамо Ҷонмамадова муовини вазири молия ва Бозор Одинаев муовини вазири маориф ва илм таъин гардиданд.
Роҳбари намояндагии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия доир ба муҳоҷират ва роҳбарони як қатор сохторҳои назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, муовини якум ва ду муовини раиси ШСХК «Барқи Тоҷик», муовини якум ва як муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти чанд сохтори дигар таъин карда шуданд.
Ҳамчунин роҳбарону масъулони як зумра раёсатҳо ва дигар сохторҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.
Мавриди зикри хос аст, ки бо таъиноти имрӯза ҳар панҷумин роҳбари сохторҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зан мебошад. Аз ҷумла Гулнора Бобоева имрӯз сардори Раёсати илму маърифат ва Гулҷаҳон Туманова сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд. Ҳар дуи онҳо кадрҳои соҳибтаҷриба ва кордони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва бахшҳои дигари иҷтимоӣ мебошанд.
Тавре аён мегардад, ба интихоб ва ба вазифаҳои масъулиятнок таъин намудани кадрҳои ҷавону болаёқат низ аз самтҳои муҳими сиёсати кадрии Роҳбари давлат аст, зеро ҳар шахси сеюми имрӯз таъиншуда кадрҳои то 40-сола мебошанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону масъулони дахлдор ҳамчунин дастур дод, ки минбаъд низ барои тарбияи кадрҳои болаёқат аз миёни ҷавонон ва занону духтарон ва ба вазифаҳои роҳбарӣ дар тамоми сохторҳо, новобаста аз шакли моликияташон, пешбарӣ кардани онҳо чораҳо амалӣ намоянд.
www.president.tj