Таъиноти кадрӣ

№30 (4136) 07.03.2020

49625912582_07e74eb274_o6 марти соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар мақомоти Прокуратураи генералӣ, Шӯрои амният, Вазорати мудофиа, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, сохторҳои вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳал таъин гариданд, мулоқот намуданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, Маҳмудзода Насрулло, ки дар вазифаи прокурори вилояти Хатлон фаъолият дошт, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Чошбаев Мурзабай бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ будан аз вазифа озод ва муовини раиси ҳамин ноҳия Раҷабзода Ҳусния раиси ноҳияи Мурғоб таъин гардида, Мурзамат Абдулқаюм дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардиданд.

Саидзода Шоҳин директори Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Идизода Файзалӣ сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, Бобозода Хисрав муовини вазири мудофиа, Хоҷазода Тоҳир ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистон — Россия, Азиззода Ҳафиз сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва Абдуллозода Умеда муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон прокуророни вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони воҳидҳои сохтории Вазорати мудофиа, сардорони раёсатҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилояти Суғд ва роҳбарони якчанд сохтори дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз ҳисоби ҷавонони соҳибтаҷрибаву кордон таъин гардиданд.

Пешвои миллат зимни суҳбат кадрҳои ба вазифаҳои масъули давлатӣ таъингардидаро ба хизмати содиқона ба нафъи халқу Ватан ва давлати Тоҷикистон даъват намуда, таъкид карданд, ки ҳар як хизматчии давлатӣ ва низомӣ бояд аз ҳарвақта дида ҷиддитару бомасъулият ба кор муносибат намуда, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва уҳдадориҳои ҳарбӣ нисбат ба зердастон серталаб бошанд.

«Вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар робита ба он ки ҳар рӯз таҳдиду хатарҳои гуногун, аз қабили экстремизм, терроризми байналмилалӣ ва дар шаклу усулҳои гуногун зуҳур кардани амалҳои зиддиинсонӣ, зиддибашарӣ ва халалдоркунандаи амнияту суботи мардум аз ҳар як фарди худогоҳу худшинос ҳушёриву зиракӣ ва самимияту садоқати бемисл ба Модар-Ватан, сарзамини муқаддаси Тоҷикистон ва мардуми шарифи он талаб карда мешавад», — иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми мулоқот.

www.president.tj