Таъиноти кадрӣ

№48 (4154) 16.04.2020

15 апрели соли 2020 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои гуногун дар вазорату идораҳо таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимӣ Фарҳод, Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо, Дӯстзода Ҳасан Тағдир, Низом Қосим Пури Ҷаҳонгир, Умарализода Мақсудалӣ Умаралӣ ва Ҷабборӣ Бурҳониддини Исҳоқ — аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум таъин гардиданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулғафор Азиз — муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Саидвализода Барно Саиднабӣ — сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шариф Раҳимзода — директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин шуданд.

Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқилзода Нурулло — мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Риозода Нуралӣ Раҳмоналӣ — муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Исмоилзода Ёқуб Борон — директори Муассисаи давлатии маҷмааи «Кохи Ваҳдат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳайдарзода Анвар Ҳайдар — машваратчии шуъбаи амнияти ҷамъиятии котиботи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои хизмати давлатӣ таъиншударо ба фаъолияти содиқонаву софдилона ба нафъи давлату миллат, рафъи камбудиву норасоиҳо ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ҳидоят карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, доир ба вусъати корҳои ободонӣ, ҳамкории зич бо мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ва таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ба иқтисодиёти мамлакат, тақвияти тадбирҳои тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, коронавирус, дастуру супориш доданд.

www.president.tj