Таъиноти кадрӣ

№73 (4179) 20.06.2020

Қасри миллат18 июни соли 2020 дар Маҷмааи давлатии «Қас­ри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, фарҳанг, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардиданд, мулоқот намуданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Нуралиев Ҷамолиддин аз вазифаи муовини якум ва Салимова Лола аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон, бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташон, озод гардиданд. Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин ба вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдуманнон, Нодирӣ Шаҳноза ва Мирсайзод Ҳаким, бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон, аз вазифаи муовинони вазири адлия озод ва Ализода Нигина ба вазифаи муовини якум, Ҳакимзода Асадулло ва Каримзода Шараф ба вазифаи муовинони вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Ҳамчунин, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зевар, бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш, аз вазифаи муовини вазири фарҳанг озод, Шарифзода Манучеҳр ва Абдураҳимзода Қурбоналӣ ба вазифаи муовинони вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.

Нодирӣ Шаҳноза ва Ализода Алишер ба вазифаи муовинони вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин, Камолитдинзода Илёс аз вазифаи муовини вазири рушди иқтисод ва савдо озод, Насриддинзода Рухшона муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, Ҳаётзода Фирдавс муовини якуми сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Холиқзода Абдуманнон муовини сардори хадамоти мазкур таъин гардиданд.

Раҷабзода Маҳмадёр ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт» таъин ва Шоҳиён Маҳмуд аз ин вазифа озод карда шуд.

Дар мулоқот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳадаф ва дурнамои сиёсати кадрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавону лаёқатманд ва тарбияи мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ёдовар шуда, иброз доштанд, ки баланд бардоштани мақому мартабаи зан дар ҷомеаи озоду соҳибистиқлоли Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

- Бонувони соҳибҳунар, ташаббускор, забондону меҳнатдӯст ва занону духтарони замони соҳиб­истиқлолӣ бо соҳибмаърифатӣ, фидокориву ҷасорат, ақлу заковат, дониши мукаммалу ихтисосҳои талаботи замони муосир дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат саҳми беназир доранд. Саҳми занон, бахусус, дар тарбияи насли солиму донишманд хеле бузург аст. Аз нисф зиёди мутахассисони соҳаҳои маорифу тандурустиро занони соҳибмаълумоту бофарҳанг ташкил медиҳанд, — иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар охир ба мутахассисони ҷавону умедбахш, ки аксарият хатмкардагони муассисаҳои олии таълимии мамлакат ва хориҷӣ буда, ду ва ё зиёда забонҳои хориҷиро дар сатҳи олӣ медонанд, барои мукаммал гардонидани таҷрибаву донишҳои назариявиву касбӣ ва хизмати софдилонаву содиқона ба нафъи халқу миллат ҳидояту дастурҳои мушаххас дода шуд.

www.president.tj