10 июли соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо содир намудани фармону амрҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони воҳидҳои сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигар мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ворид намуданд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиракзода Ҳикматулло аз вазифаи муовини якуми фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ — сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва Раҷабзода Насимҷон ба ин вазифа таъин гардид.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиракзода Ҳикматулло сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва Мирзозода Бадриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз ин вазифа озод карда шуд.
Нурализода Нуриддин — директори Муассисаи давлатии қароргоҳи «Искандаркӯл»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзоён Нодир — муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Зайнудин Авазхон — сардори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.
Зимни суҳбат Сардори давлат аз вазъи душвори сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуда, таъкид карданд, ки дар шароити барои кишварҳои дунё ҳассосу печида ва пешгӯинашаванда ҳар як хизматчии давлатӣ ва низомӣ бояд бо ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ хизмат намояд. Барои пешгирии қонуншиканӣ дар сарҳади давлатӣ, пурзӯр намудани назорат ва роҳ надодан ба қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва молу маҳсулоти пастсифат шароити зарурӣ муҳайёст. Танҳо масъулият ва ҳушёриву зиракии ҳар як сарҳадбон метавонад кишварро аз хавфу хатарҳо, аз ҷумла терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои фаромиллӣ, эмин нигоҳ дорад.
www.president.tj