5 ноябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Вазорати корҳои дохилӣ ба вазифаҳои масъул таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Амирбекзода Назира аз вазифа озод ва ба ин вазифа Асламшоева Нилуфар Давлятназаровна таъин гардид.
Инчунин, мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори марказии Вазорати корҳои дохилӣ, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ, бархе аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва воҳидҳои дастгоҳи марказии вазорат тағйироти кадрӣ ба амал омад.
Зимни мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои ба вазифаҳои масъулиятнок таъингардида дастур доданд, ки дар ҷаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунанда ва оинномаҳои хизматӣ фаъолият намуда, бар зидди ҳама гуна ҷиноят ва қонуншиканӣ мубориза баранд. Бо дарназардошти авзои печидаву мураккаб ва пешгӯинашавандаи минтақа, таҳдиду хатарҳои фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил дар таъмини амнияту суботи кишвар бо масъулияти баланд муносибат намоянд.
- Дар замони ҷаҳонишавӣ донистани забонҳои хориҷӣ ва истифодаи технологияи муосир муваффақияти ҳар як роҳбар ба ҳисоб рафта, дар пешгирӣ ва мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва маблағгузории гурӯҳҳои ҷинояткори экстремистӣ аҳамияти баланд дорад, — иброз доштанд Пешвои миллат.
Дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ аз содиршавии ҳама гуна ҷиноят ва боло гузоштани манфиатҳои давлату миллат аз дигар манфиатҳо низ мавзӯи суҳбат буд.
- Ҳар кадоми шумо кадрҳои ҷавону ояндадор ҳастед, таҷрибаи кор доред ва ҳамчун мутахассисони касбӣ шинохта шудаед. Бо мардум робитаи наздик дошта бошед, то дар ҷомеа соҳиби эҳтирому обрӯ гардед, — таъкид намуданд Сарвари давлат дар фарҷоми мулоқот.