10 апрели соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Хадамоти гумрук, Агентии назорати маводи нашъаовар, Академияи илмҳо ва дигар идораю муассисаҳо ворид карда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншударо ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи халқу Ватан ҳидоят намуд.
Ҳамин тариқ, Насим Олимов муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҳир Нуров муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.
Ҳалим Маҳмудов муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовар ва Назокат Одинаева муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.
Ҷамшед Ҳомидов Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева таъин гардид.
Ҳамчунин роҳбарони хадамоти назоратӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, меъморӣ ва сохтмон, энергетика ва захираҳои об таъин шуданд.
Роҳбарони як зумра институтҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла институтҳои зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловский, астрофизика ва химияи ба номи В.И.Никитин, Институти биологии Помири ба номи Х.Ю.Юсуфбеков, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология иваз карда шуданд.
Аз 17 нафари ба вазифаҳои пурмасъулият таъингардида 4 нафар занон ва 4 каси дигар кадрҳои ҷавон мебошанд.
Ҳамчунин ба вазифаҳо таъин гардиданд:
- Сайдаброр Зуҳуров – сардори Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Неъматҷон Рабиев – сардори Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Мавҷуда Келдиёрова – сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Баҳодур Исупов – сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ дар назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Анвари Вайсидин – муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»;
- Абдусаттор Саидов – директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловскийи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Гулчеҳра Қоҳирова – директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Зайниддин Муҳиддинов – директори Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Довудшо Наврузшоев – директори Институти биологии Помир ба номи Х.Ю.Юсуфбекови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Зайнулобидин Кобулиев – директори Институти масъалаи об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Наргис Гадоалиева – мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ;
- Аҳмад Идиев – муовини роҳбари Ширкати муштараки Тоҷикистону Хитой «ТРАНС-ТОҶИК ГАЗ ПИПЛАЙН КОМПАНИ ЛТД».
www.president.tj