Таъиноти кадрӣ

№149 (4411) 16.12.2021

51748948339_927a2718b9_o15 декабри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадр­ҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти судӣ, Гвардияи миллӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз­хонд намудани Салимзода Юсуф бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан, бозхонд намудани судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушмаҳмадзода Алифмо аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташ ва интихоб намудани ӯ ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид.

Дар ҳайати намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Британияи Кабир ва Созмони ҳамкории Шанхай низ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

51749179460_f35264a7bf_oМуовинони директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷрибаву кордон таъин гардиданд.

- Кадрҳое, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ шурӯъ менамоянд, бояд ба кор бо ҳисси баланди масъулияти роҳбарӣ муносибат намоянд ва барои ҳалли мушкилоту монеаи пешрафти соҳаҳои вобастагардида манфиатҳои давлату миллатро аз дигар манфиатҳо болотар гузошта, бо дасту дили пок ва қобилияти хуби ташкилотчигӣ ба нафъи мардум хизмат намоянд, — таъкид намуданд зимни мулоқот Сарвари давлат.

www.president.tj