Таъиноти кадрӣ

№72-73 (4492-4493) 14.06.2022

10 июни соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадрҳое, ки дар вазоратҳои маориф ва илм, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, Осорхонаи миллӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардиданд, суҳбат намуданд.

Пешвои миллат аз таҳлилу баҳогузорӣ ба фаъолияти роҳбарони мақомоти давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳиму рӯзмарра, саҳми ҳар як мутахассис дар пешрафти соҳа ва дурнамои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бо далелу рақамҳои дақиқ мисол оварда, дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ба роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ ҷиҳати тарбияи мутахассисони ҷавон, кордону ватандӯст ва дорои ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ дастуру супориш дода, Сарвари давлат, бахусус, ба соҳаи илму маориф, ки махзани асосии тайёр кардани кадрҳои соҳибмалака дар соҳаҳои хоҷагии халқ ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Дар сохтору мақомоти зикргардида аз баъзе камбудиву норасоиҳо ёдовар шуда, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «кадрҳои ҷавон бояд бо завқи беандоза, дасту дили пок, савияи баланди донишҳои замонавӣ, маҳорати роҳбарӣ ва суханвариву забондонӣ барои аз байн бурдани монеаҳои роҳҳои рушду тараққиёти давлат — хурофотпарастӣ, ришваситонӣ ва дигар омилҳои халалдоркунандаи волоияти қонун мубориза баранд ва дар ҷомеа намунаи ибрат бошанд».