Таъиноти кадрӣ

№47-49 (3193-3195) 13.05.2014

Дувоздаҳуми  майи соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав дар мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Аз миёни нуҳ нафар кадрҳои мақомоти прокуратура Мирзошариф Шарифзода, ки то ин вақт прокурори ноҳияи Рӯдакӣ буд, прокурори шаҳри Душанбе таъин гардид. Сафаралӣ Мирзозода муовини аввали прокурори пойтахт таъин карда шуд.

Ҳамчунин прокурорҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Балҷувон, Вахш, Ҷиликӯл ва Тоҷикобод, прокурори ҳарбии гарнизони Суғд, прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд иваз карда шуданд.

Нурилло Орипов сардори Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ва Саидхоҷа Мирзохоҷаев сардори Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ таъин гардиданд.

Ба вазифаи сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Ҳисор, Варзоб, Файзобод, Шуғнон, Қайроққум, Вахш ва Панҷ шахсони дигар таъин гардиданд.

Музаффар Ҳотамов, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Нарзулло Соҳибов бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз онҳо хизмати софдилонаю содиқона талаб намуда, таъкид дошт, ки манфиатҳои давлату миллат дар ҳама ҳолат бояд дар ҷойи аввал қарор дошта бошанд.

www.president.tj