Таъиноти кадрӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

№100 (3246) 28.08.2014

Бисту шашуми августи соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодшудаи мақомоти амният ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Аз онҳо талаб карда шуд, ки содиқонаю софдилона хизмат намуда, ҳифзи манфиатҳои давлату миллатро дар мадди аввал гузоранд ва ҳамчунин дар таълиму тарбияи кадрҳои ҷавону болаёқати соҳаҳои худ саҳми намоён дошта бошанд.

Ҳамин тариқ, роҳбарони яқ қатор воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда шуданд.

www.president.tj