Таъиноти кадрӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ

№51 (3352) 08.04.2015

Ҳафтуми апрели соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият дар мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан ва поквиҷдонию поктинатӣ ҳидоят намуда, дар наздашон доир ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, пешгирӣ аз амалҳои террористию ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои коррупсионӣ вазифаҳои мушаххас гузошт. Ҳамзамон таъкид гардид, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои дастёбии васеъ ба ёрии аҳолӣ дар ифшо намудани ҷинояткорон бояд бо мардум муомилаю муносибати хуб ва ҳамкории наздик дошта бошанд.

Тавре иттилоъ доданд, зимни тағйироти навбатии кадрӣ сардорони панҷ раёсати сохтории Вазорати корҳои дохилӣ, раёсати он дар шаҳри Душанбе, қисми минтақавӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоби вилояти Хатлон, сардорони шуъбаҳои ин вазорат дар шаҳру ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Қубодиён, Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликӯл, Данғара, Норак, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Ашт, Ҷиргатол, Шуғнон ва Мурғоб иваз карда шуданд. Ҳамчунин ба вазифаҳои роҳбарӣ дар чанд сохтори дигари ин вазорат дар соҳаи нақлиёт ва дар чор қисми ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ шахсони дигар таъин шуданд.

 www.president.tj