Ҳафтуми феврали соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои раисони суд, муовинони раисони суд, судяҳои суди шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъин гардиданд, мулоқот намуданд.
Аз 153 нафаре, ки ба вазифаҳои масъули ин шохаи ҳокимияти давлатӣ таъин гардиданд, 58 нафарашон баъди таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат тавассути озмун ба Маркази таълимии назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун судя-коромӯз ба таҳсили яксола фаро гирифта, бори нахуст ба вазифаи судя дар судҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъин шуданд.
Дар ҷараёни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз волоияти қонун, мубориза бар зидди амалҳои дорои хусусиятҳои коррупсионӣ, шаффофият, баррасии одилона ва таъмини адолату ҳақиқат зимни баррасии парвандаҳо суханронӣ намуда, кадрҳои ҷавонеро, ки акнун ба системаи мақомоти судӣ ба фаъолият оғоз карданд, ба омӯзиши боз ҳам дақиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва дар истеҳсолот сайқал додани донишҳои назариявӣ даъват намуданд.
Пешвои миллат аз кумаку ғамхорӣ нисбат ба мутахассисони ҷавон, тарбия, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, бунёди садҳо бинову иншооти соҳавӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ минбаъд низ барои беҳбудии шароити кору зиндагии кормандони мақомоти судии мамлакат тадбирҳои зарурӣ меандешад.
- Мо дар замони соҳибистиқлолӣ баҳри таъмини фаъолияти шаффофу мустақилияти судҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, вобаста ба мутобиқати қонунгузорӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва талаботи замон, тағйиру иловаҳо ворид ва ислоҳоти соҳаро давра ба давра амалӣ намуда истодаем, — гуфтанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Таъкид гардид, ки судя ҳамчун намояндаи босалоҳияти давлат дар ҷодаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бояд одоби касбиро риоя ва вазифаи бошарафи судягиро бо фарҳанг ва масъулияги баланд амалӣ намояд.
- Ба ҷиноятҳои коррупсионӣ даст задани судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо камбуди аз ҳама ҷиддӣ ва ташвишовар дар фаъолияти мақомоти судӣ мебошад, — афзуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки роҳбарияти Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вазифадоранд, ки бо мақсади интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо ва тоза намудани мақомоти судӣ аз шахсони тасодуфӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар интиҳо Пешвои миллат ба кадрҳои таъингардида дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақият орзу намуда, хизмат ба халқу Ватан ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шаҳрвандро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи онҳо арзёбӣ карданд.
www.president.tj