Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои қудратӣ

№10 (3311) 21.01.2015

IMG_0083

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 21 январи соли ҷорӣ як гурӯҳ кадрҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро, ки ба вазифаҳои нав таъин шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи кунунӣ дар минтақа ва ҷаҳон, афзун шудани хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои олами муосир онҳоро ба омодасозии босифати кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангию касбии воҳидҳои низомӣ ва кормандон ва дар маҷмӯъ ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуд.

Тавре зикр гардид, Файзалӣ Шарифзода сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва Аҳлиддин Маҷидов сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа таъин гардиданд. Баҳром Шарифзода сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон таъин шуд.

Ҳамчунин роҳбарони Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ ва Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа ва сардорони як қатор раёсату дигар сохторҳои ин ду вазорат, командирони як зумра қисмҳои ҳарбӣ ва сардори Отряди сарҳадии Хоруғи Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иваз карда шуданд.

Ҷойи таъкид аст, ки аксари кадрҳои ба вазифаҳои нави пурмасъулият таъингардида мутахассисони ҷавону корозмуда ва дар айни ҳол хатмкардагони муассисаҳои олии таълимоти ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар мебошанд.

www.president.tj