Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои қудратӣ

№148 (3133) 23.11.2013

Бистуми ноябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони нави Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, роҳбарони аввали Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро аз нав ба вазифаҳои худ таъин намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Вазорати мудофиаи кишвар ташриф оварда, роҳбари нави ин вазоратро ба ҳайати шахсии он муаррифӣ намуд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев аз вазифаи вазири мудофиаи кишвар озод карда шуд.

Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, сардори Саридораи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Фармондеҳи ин қӯшунҳо генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо аз вазифа озод карда шуда, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Шералӣ Хайруллоев иброз дошт, ки минбаъд ҳам чун солҳои гузашта ба халқу Ватан ва Сарвари давлат содиқона ва софдилона хизмат хоҳад кард.

Шералӣ Мирзо дар навбати худ савганди садоқати худро бори дигар ёдовар шуда, таъкид дошт, ки барои таъмини омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва пурзӯр намудани қудрати мудофиавии давлати Тоҷикистон ҷаҳду талош хоҳад кард.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Шералӣ Хайруллоев барои хизматҳои шоёни бисёрсола, ки бо садоқату матонати ибратбахш анҷом додааст, арзи сипосу қадрдонӣ карда, изҳори боварӣ намуд, ки шогирди арзандаи ӯ Шералӣ Мирзо анъанаҳои ибратбахши роҳбарии ин вазоратро на танҳо пос медорад, балки ривоҷу равнақ бахшида, сайқал медиҳад.

***

Аз Вазорати мудофиа Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати корҳои дохилӣ ташриф овард.

Генерал-лейтенант Рамазон Раҳимов бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ба вазифаи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Рамазон Раҳимов барои боварию эътимод ва аз нав ба вазифаи вазири корҳои дохилӣ таъин шуданаш ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос карда, таъкид дошт, ки барои сазовор будан ба боварии Сарвари давлат ва пурзӯр намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ аз тамоми имконоти мавҷуда пурсамар истифода хоҳад кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба муборизаи беамон бо ҷинояту ҷинояткорӣ ва ҳамзамон ба муомилаи шоиста бо мардум ҳидоят намуд.

***

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ташриф овард.

Саймумин Ятимов бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ба вазифаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъин карда шуд.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов барои боварию эътимод ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос карда, аз таваҷҷуҳи доимӣ ва ғамхории пайваста ба мақомоти амнияти миллии кишвар изҳори қадрдонӣ намуд. Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки тамоми донишу малака ва таҷрибаи касбии худро ба ҳифзи музаффариятҳои давлати ҷавони Тоҷикистон ва ҳаёти амну осоиштаи мардуми кишвар равона месозад.

Ба ҳайати шахсии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ҳамчунин муовини якуми раиси ин кумита, сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Фармондеҳи ин қӯшунҳо Раҷабалӣ Раҳмоналӣ муаррифӣ карда шуд.

***

Зимни боздид аз Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати шахсии ин сохтори бонуфузи низомӣ фармондеҳи нави он — полковники гвардия Бобоҷон Ҷамолзода муаррифӣ карда шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, Бобоҷон Ҷамолзода дастпарвари Вазорати мудофиа ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дорои таҳсилоти олӣ ва академии ҳарбӣ буда, дар вазифаҳои гуногуни ин сохторҳо содиқона хизмат кардааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Фармондеҳи собиқи Гвардияи миллӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ барои хизматҳои шоён дар ин сохтори низомӣ арзи қадрдонӣ карда, изҳори боварӣ намуд, ки дар таҳкими қудрату тавоноии Қӯшунҳои сарҳадӣ низ саҳми арзанда мегузорад.

Ба фармондеҳи нави Гвардияи миллӣ Бобоҷон Ҷамолзода ва ҳамаи ҳайати шахсии ин сохтори қудратӣ барору комёбӣ таманно карда шуд.

www. president.tj