Сеюми декабри соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои зертобеи он як қатор тағйироти кадрӣ ворид намуд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурилло Орипов аз вазифаи муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, Шералӣ Сабзов ва Саид Ҷӯрахонов аз мақоми муовинҳои вазири корҳои дохилӣ озод карда шуданд.
Ба вазифаи муовини якуми вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдураҳмон Бузмаков, ки то ин вақт сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе буд, таъин карда шуд. Икром Умаров муовини вазири корҳои дохилӣ таъин гардид.
Бо мувофиқат бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муовини собиқи роҳбари ин вазорат Саид Ҷӯрахонов сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва муовини собиқи вазири корҳои дохилӣ Шералӣ Сабзов сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт таъин карда шуданд.
Ҳамчунин дар мувофиқат бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Файзулло Нозимов сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Рустам Шафиев сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия ва минтақаи Рашт, Муҳамадшо Искандаров сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода ва Тоҳирҷон Норматов Намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ дар Маркази минтақавии иттилоотӣ-ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ таъин карда шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳо онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан ва муборизаи беамон бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфта ҳидоят намуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки ба поксозии сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ аз шахсони тасодуфӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавони ояндадор таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.
www.president.tj