Таъйиноти кадрӣ

№14 (4754) 29.01.2024

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон тибқи талаботи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати додани ризоият барои аз вазифа озод намудани муовинони прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбакзода Дилшод Саид, Рофизода Мирзо­амон Ҳамдам, муовини прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоирзода Икром Оймаҳмад ва ҷиҳати таъйин намудани Каримзода Умед Раҳматшо ба вазифаи муовини якуми прокурори генералӣ, Азимзода Сарвар Бозор — муовини прокурори генералӣ, Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло ба вазифаи муовини прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод намуданд.

Ҳамчунин, тибқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» барои ба вазифаи муовинони раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин намудани Амирбекзода Ҳабибулло ва Мирзозода Мусо розигӣ доданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурори вилояти Хатлон, прокурорҳои шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, ноҳияҳои Сино ва Кӯшониён таъйин гардиданд.

www.prezident.tj