Таъйиноти кадрӣ

№21 (4761) 14.02.2024

53528463414_b9112885ee_oЧордаҳуми феврали соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадр­ҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти прокуратура таъйиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои муовини якуми прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини якум ва муовини прокурори вилояти Хатлон, муовини прокурори вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, прокурори ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурори ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истиқлол ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, прокурори шаҳри Роғун, прокурори ноҳияи Нуробод, ҳамчунин, сардорони як қатор раёсатҳои дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ кадрҳои ботаҷриба ва ҷавону дорои маҳорати хуби касбӣ таъйин гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба кадрҳои таъйиншуда ва ҳамаи кормандони дигари соҳаи прокуратура доир ба назорати татбиқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирӣ аз он, бахусус ҷиноятҳои вобаста ба терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қаллобӣ ва заминфурӯшӣ, дастуру супоришҳо дода, ҳамзамон, ба забондонии кормандон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.

Президенти мамлакат барои тамоми кормандони мақомоти прокуратура дар баробари забони модарӣ барои аз худ кардани ду забони хориҷӣ як сол муҳлат доданд.

«Агар хоҳед дар коратон комёб бошед ва соҳиби обрӯ шавед, бо мардум наздик фаъолият намоед, зеро иззату эҳтиром бо амру фармон дода намешавад», — таъкид дош­танд дар фарҷоми суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

www.prezident.tj