24 ноябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъул ва роҳбарии сохторҳои қудратӣ ва муассисаҳои иттилоотию фарҳангӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфт.
Муовини якум ва муовинони вазири мудофиа, сардори Раёсати иктишофи (разведкаи) ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин вазифаҳо озод карда шуданд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим, ки то ин вақт фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳ буд, муовини якуми вазири мудофиа-сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ таъин гардид.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломзода Абдулҳошим, Латифзода Асрор Қурбон ва Холзода Солеҳ Ҳусайн муовинони вазири мудофиа таъин карда шуданд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Бобоҷони Абдуқодир фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳ таъин шуд.
Дар мувофиқа бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Шарипов Ҷалолиддин Маҳсиддинович сардори Раёсати иктишофи (разведкаи) ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоев Бадриддин Қиёмиддинович муовини сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ оид ба корҳои тарбиявӣ ва Носиров Одилбек Раҳмонович муовини сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ таъин шуданд.
Сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, ноҳияи Рӯшони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иваз карда шуданд.
Таъиноти дигари кадрӣ ба таври зайл сурат гирифт:
- Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор — муовини вазири рушди иқтисод ва савдо;
- Қурбонов Абдулло Абдураҳимович — сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика;
- Асозода Маҳмадумар Шамсулло — муовини якуми раиси ШСХК «Барқи Тоҷик»;
- Убайдуллозода Ғолиб Хонҷон — муовини раиси ШСХК «Барқи Тоҷик»;
- Холиқзода Мавҷуда — муовини раиси ШСХК «Барқи Тоҷик»;
- Маҷидов Рустам Абдуразоқович — сардори Сарраёсати молиявӣ — иқтисодии ШСХК «Барқи Тоҷик»;
- Одиназода Шоҳона Сулаймон — сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»;
- Файзуллозода Хуршед Мирзо — директори Муассисаи давлатии «ТВ-Варзиш»;
- Набизода Набӣ — директори Муассисаи давлатии «ТВ — Синамо»;
- Исмоилзода Зиннатуллоҳ Бурҳон — директори Муассисаи давлатии «Академияи васоити ахбори умум»;
- Шарифзода Манучеҳр Муртазо — директори Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ»;
- Наҷотзода Мутеъулло Абдулқосим — муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Мусоев Маҳмуд Мардонович — муовини директори генералии ҶДММ «Зарафшон»;
Бояд зикр намуд, ки то фарорасии соли 2016 дар фазои иттилоотии Тоҷикистон боз ду шабакаи нави телевизионӣ — Муассисаи давлатии «ТВ — Варзиш» ва Муассисаи давлатии «ТВ — Синамо» ба фаъолият шурӯъ мекунанд.
Муассисаи давлатии «Академияи васоити ахбори умум» низ моҳҳои наздик ба кор даромада, дар таълиму тарбия ва бозомӯзии кормандони ин соҳа саҳмгузор хоҳад шуд. Бозомӯзии кормандон дар Муассисаи давлатии «Академияи васоити ахбори умум», асосан аз рӯи ихтисосҳое ба роҳ монда мешавад, ки то имрӯз дар хориҷи кишвар омӯзонда мешаванд.
Зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои номбурда таъиншуда ба масъалаҳои вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва таъмини амнияту субот таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи ноустувору зуд-зуд тағйирёбанда ва пешгӯйинашавандаи минтақа ва ҷаҳон, ба низоъҳои таҳмилӣ гирифтор шудани як гурӯҳ кишварҳои мустақил ва хусусан аз хиёнати нанговару нобахшидании як зумра собиқ низомиёни тоҷик ёдовар шуда, ҳозирин ва дар симои онҳо роҳбарият ва кулли кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро ба хизмати содиқонаю софдилона, поквиҷдонӣ ва матонату ҷасорат дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳидоят намуд. Таъкид гардид, ки таъмини амнияту осоиши ҷомеа, боло гузоштани манфиатҳои давлату миллат, роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ аз вазифаҳои муҳимтарин аст. Ҳамчунин аз ҳар як узви ҷомеа даъват карда шуд, ки дар муқобили таҳдиди хатарҳои терроризму ифротгаройӣ ва чолишҳои дигари замони муосир ҳушёру зирак бошанд ва бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот пайваста ҳамкорӣ намоянд.
Супоришҳои мушаххас ба роҳбарони ду муассисаи ба тозагӣ таъсисёфта - Муассисаи давлатии «ТВ-Варзиш» ва Муассисаи давлатии «ТВ-Синамо» дода шуд.
Дар назди кадрҳои соҳаҳои дигар низ доир ба ҷоннок намудани корҳо дар ҳамаи бахшҳои фаъолият вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
www.president.tj