Дар иртибот ба ҷашни Рӯзи истиқлоли давлатӣ аз номи роҳбарони шарикони байналмилалии кишвари мо унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёмҳо ва барқияҳои шодбошӣ ворид гардидаанд, ки дар онҳо бо арзи ғояти эҳтиром ба Сарвари давлати мо ва таманниёти нек ба мардуми Тоҷикистон аз ҷумла навишта шудааст:
*****
“Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти самимонаамро ба муносибати фаро расидани солгарди Истиқлоли кишвари дӯст, бародар ва ҳамзабони Ҷумҳурии Тоҷикистон пазиро бошед.
Густариши муносибатҳо ва ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа, бахусус Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойгоҳи аввали сиёсати хориҷии Давлати чаҳордаҳуми Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад ва итминон дорам, ки равобити асосёфта бар эҳтироми мутақобил ба нафъи мардуми ду кишвар беш аз гузашта тақвияту густариш хоҳад ёфт.
Аз Худованди мутаол, саломатӣ ва муваффақияти Ҷаноби Олӣ ва тадовуми рушд ва пешрафти мардуми азизи Ҷумҳурии Тоҷикистонро орзумандам”.
Масъуд Пизишкиён, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон
*****
“Муҳтарам Президент, Дӯсти азизам,
Ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Ҷумхурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро шахсан аз номи худам ва аз номи миллатам аз таҳти дил муборакбод мегӯям.
Муносибатҳои мустаҳками ду кишвар бар пояи пайвандҳои таърихӣ ва фарҳангӣ байни мардумонамон асос ёфтаанд ва мо Тоҷикистонро ҳамчун дӯсти дерина ва шарики муҳим дар Осиёи Марказӣ мешуморем.
Бар он боварам, ки равобити наздик ва дӯстонаи байни ду кишвар, ки аз арзишҳои муштарак неру мегиранд, бо талошҳои якҷоя боз ҳам равнақ ёфта, самту паҳлӯҳои навро фаро хоҳанд гирифт.
Бо истифода аз фурсат, беҳтарин таманниёти хешро барои тансиҳативу шодкомии Ҷаноби Олӣ ва беҳбудиву осудаҳолии мардуми Тоҷикистон ирсол менамоям”.
Реҷеп Тайип Эрдоған Президенти Ҷумҳурии Туркия
*****
“Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Боиси камоли сарфарозӣ ва хушҳолии инҷониб аст, ки ба Ҷаноби Олӣ табрикоти самимона ва беҳтарин таманниётро ба муносибати Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арз намоям. Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатии бардавом ва саодатмандӣ, ба Ҳукумат ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафти минбаъда ва шукуфоӣ хоҳонам.
Лутфан, табрикоти самимона ва қадрдонии моро бипазиред”.
Шайх Муҳаммад бин Заид Аль-Наҳйян, Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб
*****
“Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мехоҳам ба Ҷаноби Олӣ ва ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон дуруди самимӣ ва орзуҳои неки худро ба муносибати ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ расонам.
Миср муносибатҳои ҳасанаи худро бо Тоҷикистон, ки дар тӯли солҳо густариш ёфтаанд, хеле қадр мекунад. Боварии комил дорам, ки мо метавонем тавассути кори муштарак ҳамоҳангии доимии худро боз ҳам тақвият бахшем ва робитаҳои дуҷонибаро ба сатҳи нави ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун ба нафъи кишварҳоямон бардорем.
Аз ин фурсат истифода бурда, ба Ҷаноби Олӣ саломатӣ, хушбахтию муваффақиятҳои бардавом ва ба мардуми дӯсти тоҷик пешрафту шукуфоии минбаъда орзу менамоям”.
Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ, Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср
*****
“Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Бо камоли хушнудӣ аз номи Шӯрои федералии Швейтсария ва мардуми Швейтсария ба Шумо ва шаҳрвандони Тоҷикистон табрикоти гарму самимии худро ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонам. Ман инчунин орзуҳои беҳтаринамро барои ояндаи муваффақи кишвари Шумо ва шаҳрвандони он ирсол менамоям.
Эҳтиром ба ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи инсон ва принсипҳои умумибашарӣ, ки дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид сабт шудаанд, беҳтарин қутбнамои мо дар талош ба сӯи ҷаҳони саршори сулҳу шукуфоӣ боқӣ мемонад.
Ман аз он хушнудам, ки ду кишвари мо чунин муносибатҳои некро идома медиҳанд ва бовар дорам, ки мо метавонем дар солҳои оянда низ онро рушд диҳем ва амиқтар гардонем. Швейтсария ҳамкориро дар ниҳодҳои молиявии Бреттон-Вудс қадр мекунад ва аз мақомоти Тоҷикистон барои баргузории ҷаласаи ҳавзаҳои интихоботӣ дар моҳи июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе изҳори сипос менамояд.
Ман инчунин мехоҳам ба Шумо барои паёми шодбошиатон ба муносибати Рӯзи миллии Швейтсария миннатдорӣ баён кунам.
Хоҳишмандам Ҷаноби Олӣ, таҷдиди ғояти эҳтироми маро бипазиред”.
Хонум Виола Амҳерд, Президенти Конфедератсияи Швейтсария
*****
“Муҳтарам ҷаноби Президент!
Аз номи шаҳрвандони Ҷумҳурии Сербия ва шахсан аз номи худам бо беҳтарин таманниёти шукуфоӣ ба кишвари Шумо ва некуаҳволии шаҳрвандони он ба Шумо табрикоти самимии худро ба ифтихори Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамоям.
Бовар дорам, ки дар такя ба муносибатҳои анъанавии дӯстона, мо ба рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи миёни Ҷумҳурии Сербия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мусоидат хоҳем кард.
Ин фурсатро ғанимат шумурда, барои дастгирии усулии нигоҳ доштани соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Сербия аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баёнгари ҷонибдории кишвари Шумо аз усулҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ ва муносибатҳои самимонаи миёни ду кишвари мо мебошад, изҳори сипос менамоям.
Муҳтарам ҷаноби Президент, изҳори эҳтироми хосаи маро бипазиред”.
Президенти Ҷумҳурии Сербия Александар Вучич
*****
“Ба муносибати ҷашни 33-юмин солгарди эълони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мехоҳам ба мардуми тоҷик ва шахсан ба Шумо бо табрикоту муборакбодӣ ва таманниёти сулҳу амонӣ муроҷиат намоям.
Бовар дорам, ки муносибатҳои Руминия ва Тоҷикистон минбаъд ҳам ба манфиати умумии мардумони мо рушд хоҳанд кард.
Шуморо, инчунин, итминон мебахшам, ки Руминия рушди ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мақсади мусоидат ба рушди устувор, тавсеаи лоиҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дар соҳаи коммуникатсия ва таҳкими суботи минтақавӣ комилан ҷонибдорӣ менамояд.
Хоҳишмандам, ҷаноби Президент, изҳори ғояти эҳтироми маро қабул фармоед”.
Президенти Руминия Клаус Вернер Йоханнис
*****
“Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ҳоле ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 33-умин солгарди Истиқлолияти худро таҷлил мекунад, ифтихормандам, ки табрикоти самимии худро ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон изҳор намоям.
Нақши роҳбарии Шумо, Ҷаноби Олӣ, дар ташаккули ояндаи умедбахш, ояндае, ки дар он ормону орзуҳои мардуми Тоҷикистон зери ваҳдату ҳамбастагӣ шукуфон аст, сарнавиштсоз мебошад.
Дар ин рӯзи фараҳбахш, мехоҳам аз риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкорие, ки ду миллатро муттаҳид месозанд, изҳори қаноатмандӣ намоям. Бигузор ин робитаҳо минбаъд ҳам ҷиҳати мусоидат ба тақвияти ҳамбастагии мардумонамон ва манфиатҳои муштараки онҳо густариш ёбанд.
Иҷозат диҳед, инчунин, ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом ва ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду шукуфоии ҳамешагӣ таманно намоям.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтироми олии маро қабул кунед”.
Аълоҳазрат, Султон Иброҳим, Подшоҳи Малайзия
*****
“Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Бо истифода аз фурсат ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҷаноби Олӣ табрикоти самимӣ ва орзуҳои беҳтарини худро иброз намуда, ба Шумо саломатии бардавом ва ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ таманно дорам.
Дар давоми се даҳсолаи охир муносибатҳои дӯстонаи Таиланд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доштани заминаи қавии воқеӣ, махсусан дар ҳамкории иқтисодӣ тақвият ёфтаанд. Итминони комил дорам, ки бо дастгирии Ҷаноби Олӣ ва ӯҳдадориҳои мутақобила, мо соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз ҷумла мубодилаи тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва техникиро ба манфиати бештари кишварҳо ва халқҳоямон боз ҳам тавсеа ва амиқтар хоҳем дод”.
Подшоҳи Шоҳигарии Таиланд Маҳа Ваҷиралонгкорн Р.
*****
Барқияҳои табрикӣ, ҳамчунин, аз номи Генерал-губернатори Канада хонум Мэри Мэй Саймон, Султони Бруней-Доруссалом Ҳассанал Балкиаҳ, Президенти Алҷазоир Абдулмаҷид Теббун, Президенти Давлати Фаластин Маҳмуд Аббос, Капитан-регентҳои (роҳбарони) Ҷумҳурии Сан-Марино Алессандро Росси ва Милена Гасперони, Ноиби-Президент-Муовини Сарвазир, Роҳбари Дастгоҳи Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Мансур бен Зойид оли Наҳён, Дабири кулли Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Бакитжан Сагинтаев ворид гардиданд.
Воридшавии паём ва барқияҳои шодбошӣ ба номи Пешвои миллат идома дорад