Табрикот дар рӯзи муборакашон

№132(3433) 05.10.2015

 

12

Эй ки ҳусни рӯзгорӣ, зинда бош!

Файзу эҳсони баҳорӣ, зинда бош!

Зодрӯзат зодрӯзи бахти мост,

Эй ки моро зинда дорӣ, зинда бош!

Зодрӯзат зодрӯзи миллат аст,

Эй ки эҳёи диёрӣ, зинда бош!

То шаби моро мунаввартар кунӣ,

Шаб ҳама шабзиндадорӣ, зинда бош!

Ҳамчунон оби зулоли меҳанат

Ташнаро миннат гузорӣ, зинда бош!

Ҳамчу оби обшорони баланд

Поку бегарду ғуборӣ, зинда бош!

Дӯстат доранд мардум, чунки ту

Халқи худро дӯст дорӣ, зинда бош!

Эй фидоят ҳастии мо, баҳри мо

Ҳастиятро месупорӣ, зинда бош!

Ҳамчу рамзи ишқи волои Ватан,

Ҳамчу рамзи дӯстдорӣ, зинда бош!

Эй ки андар саҳнаи саҳни ҷаҳон,

Бо фару бо эътиборӣ, зинда бош!

Аз ҳама фархундаву фарзонагон

Як нишони ёдгорӣ, зинда бош!

То ки ҷони тоҷиконро аз фано

Боз ҳам эмин бидорӣ, зинда бош!

Камол Насрулло