Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, шахсиятҳо ва сиёсатмадорони маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 31- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№ 08.09.2022

Ба муносибати ҷашни 31- солагии соҳибистиқлолии мамлакат ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин сиёсатмадорон ва ходимони маъруфи давлативу ҷамъиятӣ номаҳо ва барқияҳои шодбошӣ ворид мегарданд.

Дар онҳо табрикотӣ дастовардҳои назарраси кишвари мо тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар арсаҳои давлатсозӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъкид гардидаанд. Инчунин, нақши рӯзафзуни Тоҷикистон дар умури минтақавию байналмилалӣ ва таҳкими пайвастаи  обрӯву эътибори кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ тавассути иштироки созандаву фаъолона дар ҳалли масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, зикр шудааст.

Муаллифони номаҳои шодбошӣ таманниёти самимонаи худро ҷиҳати сулҳу субот ва шукуфоии минбаъдаи мардуми Тоҷикистон иброз дошта, ба  Сарвари давлати мо некӯаҳволӣ ва дар фаъолияти сермасъули давлатиашон комёбиҳои беш аз пеш орзу намудаанд.

Табрикоти шодбоширо ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсиятҳои зерин ирсол нумуданд:

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш

Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Тсзинпин

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷозеф Байден

Императори Япония Нарухито

Маликаи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британия Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Елизаветаи II

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов

Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ

Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган

Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Драупади Мурму

Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд

Президенти Ҷумҳурии Корея Юн Сок Ёл

Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Франк-Валтер Штайнмайер

Президенти Венгрия Каталин Новак

Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан

Подшоҳи Испания Филиппи VI

Президенти Ҷумҳурии Полша Анҷей Дуда

Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла

Подшоҳи Шветсия Карли XVI Густав

Президенти Конфедератсияи Швейтсария Игнассио Кассис

Президенти Ҷумҳурии Португалия Марсело Ребело де Соуза

Подшоҳи Баҳрайн Ҳамад бин Исо Оли Халифа

Генерал-губернатори Иттифоқи Австралия Дэвид Харли

Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Ранил Викремесингхе

Президенти Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Алҷазоир Абдулмаҷид Теббун

Президенти Ҷумҳурии Сингапур Ҳалима Якоб

Президенти Давлати Фаластин Маҳмуд Аббос

Раиси корҳои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Демократии Корея Ким Чен Ин

Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев

Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин

Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас

Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Ҳусейн Иброҳим Тоҳо

Номаҳои шодбошӣ, ҳамчунин, аз номи Валиаҳд, Муовини Раиси Шӯрои Вазирони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, Шоҳзода Карим Оғохони IV ва Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид,  Роҳбари Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ Наталя Герман ворид гардиданд.

Воридшавии паёмҳои шодбошӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.

www.prezident.tj