Тантанаи идона ба муносибати таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт субҳи рӯзи ҳаштуми сентябри соли 2016 оғоз гардид.
Баъди ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони баргузории чорабинӣ фармондеҳи парад, сардори Гарнизони ҳарбии Душанбе генерал — майор Латиф Файзиев ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — лейтенант Шералӣ Мирзо аз омодагии парад гузориш дод.
Вазири мудофиа ҳайати шахсии ҷузъу томҳоро бо арзи салом ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба сӯи минбари ифтихорӣ раҳсипор гардид ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз омодагии қисму воҳидҳои низомии сохторҳои қудратии Гарнизони ҳарбии Душанбе оид ба расми гузашти ҳарбӣ гузориш дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарафманди кишварро ба муносибати таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, оид ба комёбиву дастовардҳои беназири ҷумҳурӣ дар даврони соҳибихтиёрии мамлакат бо нутқи пурмуҳтаво баромад намуданд.
Баъд аз садои Суруди миллӣ расми гузашти низомии ҷузъу томҳо оғоз гардид. Нахуст ба майдон тарбиятгирандагони Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд.
Ба ҳамин тартиб собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳ, қисму воҳидҳои Гвардияи миллӣ, занону бонувони Қувваҳои мусаллаҳ, Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои зертобеи ин ниҳоди қудратӣ, воҳидҳои таъиноти махсус, Вазорати адлия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоту агентиҳои махсуси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, ҷузъу томҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, хизматчиёни ҳарбии дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ, афсарону донишҷӯёни Донишкадаи ҳарбӣ, баталиёнҳои тобеи Ситоди генералӣ, ҳайати шахсии Қӯшунҳои зудамал ва ротаи кинологҳо бо сагҳо, аспҳои хизматӣ, ки шумораашон беш аз 16 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ буд, расми гузашти низомиро анҷом доданд.
Дар ҷараёни ин чорабинии муҳими сиёсӣ, инчунин аз ҷониби афсарону сарбозони ротаи қаровули фахрии полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маркази майдони баргузории чорабинӣ платс-консерт ё худ ҳаракатҳои мавзуни низомӣ намоиш дода шуданд.
Ҷузъу томҳои ротаи қаровули фахрии полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералӣ ҳангоми иҷро намудани ҳаракатҳои мавзуни низомӣ бо саф ва силоҳи худ Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 солро таҷассум намуданд.
Илова бар ин, аз ҷониби ҳайати шахсии Оркестри ҳарбии муттаҳида, ки иборат аз 200 нафар буданд, маҷмӯи созҳои нафасии ҳарбии бастакорони тоҷик, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оҳанг дароварда шудаанд, намоиш дода шуд. Ҳангоми расми гузашти низомӣ ва иҷро намудани ҳаракатҳои мавзуни низомии ротаи қаровули фахрӣ оҳангҳои бастакорони шинохтаи тоҷик Зокирҷон Нишонов, Фозил Солиев, Шодмон Пӯлодӣ, Рустам Содиқов ва дигарон садо доданд.