Нимаи дуюми рӯзи 31 августи соли 2015 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар барномаи рангини ҳунарии тантанаҳои асосии таҷлили 700 — солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба Боғи ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб ташриф овард.
Тавре иттилоъ додем, ҷашни 700 — умин солгарди зодрӯзи ин мутафаккир бо ташаббуси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таҷлил мешавад ва ин як нишонаи олии қадршиносии роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат аз гузаштагони маъруфи халқи тоҷик мебошад, ки бо ашъору зиндагии ибратомӯз боиси обруву нуфузи миллати мо дар арсаи ҷаҳон гардидаанд.
Макони асосии баргузории ин чорабиниҳои асосии ҷашнӣ — амфитеатри Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ мебошад, ки баъди таъмиру азнавсозӣ боз пешкаши мардум карда шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва тамоми сокинони Кӯлобро бо таҷлили 700 — солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва ҷашни дарпешистодаи миллӣ — Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.
Дар оғози суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки аз истиқболи гарм, чеҳраи кушода ва табъи болидаи сокинони шаҳри Кӯлоб эҳсос намудем, ки онҳо ба чорабиниҳои идона омодагии хуб дида, дар пешрафту ободии шаҳр ҳиссаи сазовори худро гузоштаанд.
Мардуми бонангу номуси шаҳри Кӯлоб инчунин ба ҷашни 24 — солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон омодагии ҳамаҷониба гирифта, дар ин раванд тадбирҳои зиёдро амалӣ кардаанд, ки аз номи Ҳукумати мамлакат ба ҳар яки онҳо миннатдорӣ изҳор намуда, ҳамаи ин ҷашну тантанаҳоро ба ҳар як сокини шаҳр ва тамоми мардуми тоҷик табрик мегӯям.
Барои мардуми шарифи Кӯлоби бостонӣ, бахусус ҷашни истиқлолият, арзишу қимати беандоза дорад, зеро барои ҳифзи истиқлолияти Ватани маҳбубамон, расидан ба сулҳу субот, ҳимояи Ҳукумати конститутсионӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ сокинони ин шаҳр баробари дигар ҳамватанони азизамон намунаи корнамоиву диловарӣ нишон додаанд, изҳор намуд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти мамлакат таъкид кард, ки баъди расидан ба ваҳдати миллӣ мардуми шарифи Кӯлоби бостонӣ бо шукронаи сулҳу субот ва Ватани соҳибихтиёр ба корҳои ободониву созандагӣ ва бунёди инфрасохтори замонавӣ камари ҳиммат бастанд.
Бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб, ислоҳоти куллӣ оғоз гардида, дар доираи баргузории ҷашни 2700 — солагии шаҳри Кӯлоб як силсила иншооти нав, аз қабили Маҷмааи «2700-солагии Кӯлоб», осорхонаи шаҳрӣ, амфитеатр, девори рамзии қалъаи Кӯлоб, сохтмону азнавсозии 23 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, Мактаби президентӣ, хобгоҳ барои омӯзгорон ба анҷом расида, ҳоло сохтмони ҳафт мактаби замонавӣ идома дорад, ки барои бунёди онҳо беш аз 31 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Бунёди Фурудгоҳи байналмилалӣ, сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, таъмиру таҷдиди хиёбону кӯчаҳои шаҳр, сохтмони қасри варзиш, 17 майдони варзишӣ ва таъсиси даҳҳо корхонаҳои истеҳсоливу марказҳои хизматрасонӣ аз ҷумлаи тадбирҳои замони истиқлолият мебошанд, ки ба пешрафту ободии шаҳри Кӯлоб мусоидат намуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат барои ҳалли яке аз масъалаҳои асосии шаҳр — таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилӣ лоиҳаи алоҳида омода кардааст, ки тибқи он қариб 20 километр роҳҳои дохилии шаҳри Кӯлоб дар се марҳала ба маблағи умумии 100 миллион сомонӣ, бо дарназардошти чароғонкунӣ ва бунёди пули мошингарди дарозиаш 30 метр дар давоми се сол ва тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ таҷдид карда мешавад.
Маркази фарҳангии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани шаҳри Кӯлоб нишонаи равшани баланд рафтани мақоми ин шаҳри таърихӣ ва пешрафти он мебошад, таъкид намуд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.
Бо мақсади идома бахшидани раванди созандагию бунёдкорӣ Ҳукумати мамлакат соли гузашта «Барномаи давлатии рушди шаҳри Кӯлобро барои солҳои 2015-2019» қабул намуд, ки ҳаҷми умумии он як миллиарду 46 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар замони истиқлолият дафъаи дуюм аст, ки ҷашни Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардида, дар доираи чорабиниҳои бахшида ба ин шахсияти барҷаста осорхона ва мақбараи ин мутафаккир азнавсозӣ карда шуд ва дар мамлакат як қатор тадбирҳои муҳими фарҳангӣ амалӣ гардиданд.
Имрӯз мо тасмим гирифтем, ки ҷашни 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадониро аз шаҳри фарҳангдӯсту меҳмоннавози Кӯлоби бостонӣ шурӯъ намоем ва сипас, ҳамоиши илмии байналмилалиро дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ва шаҳри Кӯлоб бо иштироки меҳмонону донишмандони дохиливу хориҷӣ баргузор кунем, изҳор дошт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз чеҳраҳои барҷастаи Машриқзамин ба шумор рафта, шуҳрати беандозааш на танҳо дар кишвари мо, балки дар Эрону Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва як қатор мамолики араб ҳамчун мутафаккир, файласуф ва шоир маҳбубу машҳур мебошад. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ суботи ҷомеаро дар осоишу тифоқ дониста, ҳамеша хостори сулҳу ваҳдат буд, изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки дар доираи ҳамин андешаҳои мутафаккири бузург мо бояд на танҳо ба хотири расидан ба ваҳдати комил талош кунем, балки ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, ҷавононро аз хатарҳои даҳшатбори муосир, мисли ҳамроҳшавӣ ба ҷангҳои давлати ба ном исломӣ ва ҳаракатҳои тундрав ҳифз намоем.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор дошт, ки мардуми шарифу сарбаланди тоҷик, аз ҷумла сокинони Кӯлоби бостонӣ аз мероси гузашта ва осори бузургонамон сабақ гирифта, ба хотири ояндаи ободу дурахшони Ватани азизамон минбаъд низ бо азму талош кор мекунанд ва Парчами Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта, арзишҳои муқаддаси миллиамонро чун гавҳараки чашм нигаҳдорӣ менамоянд.
Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҳозирин ва дар шахси онҳо шаҳрвандони мамлакатро бо ҷашни бузурги миллӣ — Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, орзуи шукуфоии Ватан ва пешрафти онро кард.
Сипас, аз ҷониби ҳунармандон барои меҳмонон намоиши театрикунонида ва барномаи рангини ҳунарӣ ба ифтихори таҷлили 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пешкаш карда шуд.
www.president.tj