21 марти соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идонаи наврӯзӣ, ки дар Наврӯзгоҳи пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ кард.
Ба хотири таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ роҳҳои шафати Наврӯзгоҳ идона ороста шуда, сокинони ноҳияҳои пойтахт бо барпо кардани намоиши дастовардҳо, анъанаҳои накуи наврӯзӣ, расму оинҳои миллӣ, маҳсули дасти кадбонуҳо, ҳунари устоҳои чирадаст ин маҳалро ба базмгоҳи ҳақиқии идона табдил доданд.
Дар Наврӯзгоҳи пойтахт шумораи зиёди мардум ва меҳмонони хориҷӣ Пешвои миллат ва Сарвари тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса пешвоз гирифтанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати иди фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза табрик гуфт.
Таъкид гардид, ки ин ҷашни умумимиллии Наврӯз барои халқи мо мероси таърихӣ ба шумор меравад, зеро он аз гузаштагони дурамон ба ёдгор мондааст.
Оид ба хусусиятҳои хоси Наврӯз, ки дорои сифатҳои инсонпарваронаи некиву накукорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад, андешаронӣ карда, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки одамони сайёра ба ин оини воқеан ва моҳиятан фарҳангиву инсонпарварона эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедорӣ эътироф менамоянд.
Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар кулли ҳамватанон ва меҳмононро ба муносибати ҷашни бузург — Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, орзуи хонаободию хушрӯзгории онҳоро намуд.
Тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ бо барномаи рангину пурмуҳтавои театришудаи устодони санъат, ки таҷассумгари оинҳои хоси Наврӯзи байналмилалӣ буд, идома ёфт.
www.president.tj