Тантанаҳои идона дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт

№38 (3832) 27.03.2018

27148688578_1dfa10f36e_o25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукӯҳи идонаи наврӯзӣ, ки дар «Наврӯзгоҳ» — и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар маҳалли баргузории чорабинӣ шумораи зиёди мардум ва меҳмонони хориҷӣ ҷамъ омада буданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ кулли шаҳрвандони мамлакат, ҳамватанони бурунмарзӣ ва меҳмононро ба муносибати иди фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза табрик гуфтанд.

Пешвои миллат бо итминон иброз доштанд, ки мардум бо шукронаи соҳиб­ихтиёриву соҳибватанӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар оянда низ ба хотири таҳкими иқтидори иқтисодии давлат, ободиву пешрафти Ватан, рӯзгори боз ҳам осудаи ҳар як оилаи Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди милливу ватандорӣ саъю талош хоҳанд кард.

Тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ бо барномаи рангину пурмуҳтавои консертии устодони санъат ва ҳунармандон, ки таҷассумгари оинҳои хоси Наврӯзи байналмилалӣ буд, идома ёфт.

www.president.tj