Тасдиқи халтачаҳои наврӯзӣ аз ҷониби Пешвои Миллат

№22 (3972) 26.02.2019

2321 феврал дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуд­ҳои халтачаҳои наврӯзӣ тасдиқ гардиданд.

Дар онҳо, ки бо шаклу дизайни гуногун таҳия ва барои туҳфаҳо пешбинӣ шудаанд, рамзу ангораи Наврӯзи соли 2019 тасвир ёфтаанд.

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо метавонанд ба корхонаҳо ва ширкатҳои хусусӣ ҷиҳати омода кардани халтачаҳо аз матоъҳои гуногун, коғазҳои ранга, картон, халтачаҳои полиэтиленӣ ва ғайра дастур диҳанд, ки намудҳои мухталифи халтачаҳоро дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз омода намоянд.

Дар рӯзҳои Иди байналмилалии Наврӯз сокинони кишвар метавонанд барои гирифтани туҳфа аз онҳо истифода кунанд.

Туҳфаҳо ба ятимон, беморон, барҷомондагон, пиронсолон, кӯдакону наврасон низ тавассути халтачаҳои наврӯзӣ бояд тақдим карда шавад.

Истифодаи халтачаҳои наврӯзӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шавад.

www.president.tj