28 феврали соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишони рамзии мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёиёни эҷодкори кишварро интихоб намуданд. Дар он нишона ва аломатҳои фаъолиятмандии зиёиёни кишвар аз рӯи соҳаҳои асосӣ ифода ёфтаанд.
Рамзи мазкур, ки аз ҷониби як зумра рассомони мамлакат омода шудааст, минбаъд ҳангоми мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиёни эҷодкор истифода мешавад ва зиёиён метавонанд дар чорабиниҳои худ аз он истифода намоянд.