Ташаббусҳои Пешвои миллат созандаанд

№ 16.11.2020

12Дар кишвари мо шахсият ва корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин сармашқҳо барои афроди ҷомеа дар ҳама арсаи зиндагӣ мебошад. Ахлоқи неку, меҳрубонӣ ба ҳамватанон, устуворӣ, фазилат, бурдборӣ дар рафъи мушкилот, ки аз вижагиҳои ахлоқии Пешвои миллатанд, метавонанд барои такомули фард ҳамчун шаҳрванд ва ҳамчун инсони дорои ахлоқу маънавиёти баланд – нақши бузург гузоранд.

Бо кӯшишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани азизамон аз вартаи нобасомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ наҷот ёфта, чун давлати ободу зебо Пешвои миллат дар азмашон устувор монда, бо саъю талош ва ҷоннисориҳои зиёд ба мақсади пеш гузошта муваффақ гаштанд. Ин буд, ки вохӯрию гуфтушунидҳои пай дар пай бо саркардагони гурӯҳи мухолифин бенатиҷа намонданд. Панҷ даври гуфтушунид ва ҳафт мулоқот бо онҳо самараи нек дод.

Президенти кишвар  бо муҳаббат ва  садоқати беандозаи ватандӯстиашон, бо баҳои ҷон  ба боварии мардум сазовор шуданд. Дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ бо шарофати иқдомҳои беназирашон нақбу пулҳои нав ва роҳҳо бунёд ёфтанд, ки рафтуомади мардуми кишварро осон намуда, зиндагии мардумро беҳбуд бахшид.

Ҳимматбаландӣ ва ташаббускории ин марди хирад  буд, ки халқи тоҷик бо неруи тозаву созанда баҳри ободии Ватан камари ҳиммат баста, то ба ин рӯзҳои нек расид. Як қатор сохтмонҳои азими дорои аҳамияти стратегӣ аз қабили Сангтуда-1, Сангтуда-2,  НБО «Роғун», инчунин  «Роҳи мошингарди Бадахшон», «Роҳи оҳани Хатлону Кӯлоб», «Нақби Истиқлол», «Нақби Шар-Шар», биноҳои баландошёнаву меҳмонхонаҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ба истифода дода шуданд.

Аз ин ҳама пешравиҳо халқи тоҷик сарбаланд гаштаву баҳри амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ҳамчунин баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии  босуръати  кишвар, беш аз пеш, кӯшиш мекунанд. Дар баробари ин, Сарвари кишвар шахсиятҳои ҷоннисору хизматнишондодаи миллатро унвони қаҳрамонӣ дода, ба бузургони миллат арҷу эҳтиром гузоштанд.

Маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, самаранокии истифодаи захираҳои об ва ба роҳ мондани мудирияти ҳамгироёнаи онҳо, ҳамчунин ҳифзи низоми экологии об ва дигар масъалаҳои марбут ба об имрӯз ба рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд ворид гардидаанд, ки аз дастовардҳои муҳими талошҳои муштараки чанд соли охири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Тавсияву пешниҳодоти Сарвари давлати тоҷикон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ дар масъалаи пок нигоҳ доштани оби ошомиданӣ ва ҳифзи сарватҳои боарзиши табиат, ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуданд. Чунончи:

1. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (1 октябри 1999) – эълон намудани соли 2003 – Соли оби тоза. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии СММ соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. 29 август – 1 сентябри соли 2003  дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид.

2.  Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои  2005-2015  ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”. 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015 –ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон кард.

3.  Пешниҳод оид ба таъмин намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оби тоза тавассути таъсис додани Консорсиуми байналмилалӣ доир ба истифодаи оби кӯли Сарез.

4.  Ташаббус оид ба Бунёди байналмилалии  ҳифзи пиряхҳо. Ин масъала аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 3-юми Ҷаҳонӣ доир ба иқлим 31 август — 4 сентябри 2009 дар ш. Женева, сипас дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйироти иқлим дар Копенгаген  7-8 декабри соли 2009 пешниҳод гардида буд.

5.  Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои амниятӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир. Дар ин самт яке аз масъалаҳои муҳим – таъмини амният ва сулҳу субот дар Афғонистон мебошад. 6.  Эълон намудани соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об (20 декабри 2010). Тибқи ин ташаббус 20-21 августи 2013 Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, як қатор санадҳо қабул шуданд.

7. Таъсис додани маркази минтақавӣ оид ба масъалаи минаҳо.

8. Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» боз як марҳалаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои дунё баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об хоҳад шуд, ки ин ҳам аз ташаббускориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ғамхориҳои падаронаи роҳбари давлат ба ятимону бепарасторон, ки аз сафарҳояшон ба ноҳияҳои дуру наздик ҳар рӯза аз тариқи оинаи нилгун ва воситаҳои ахбори умум воқиф ҳастем, гувоҳ аз раиятпарастии эшон мебошад.

Имрӯзҳо, ки Тоҷикистони азиз дар арафаи рӯзи Президент қарор дорад,   халқи тоҷик аз сиёсати пешгирифтаи  Президенти  кишвар пайравӣ намуда, барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт талош меварзад. Азму талошҳои Сарвари давлат бунёдкоронаву созанда буда, Ватани моро зина ба зина ободу зебо, зиндагии мардуми меҳнатқарини тоҷикро пурсафо  мегардонад.

ТАИБОВ С.А.,

сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа, ДДТТ ба номи А. Сино

МУҲИДИНОВА М.,

 шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа, ДДТТ ба номи А. Сино