Ташрифи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Хоҷагии деҳқонии «Ислом» ва оғозбахшӣ ба ҷамъоварии ҳосили шолӣ

№ 04.10.2022

52401119281_50a7a35e34_oПешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба Хоҷагии деҳқонии «Ислом» ташриф оварда, ба ҷамъоварии ҳосили шолӣ оғоз бахшиданд.
Он дар деҳоти Ҷура Раҳмонов ҷойгир буда, соли 2000 аз ҷониби оилаи Бобохоновҳо таъсис ёфтааст ва 1,2 гектар замин дар ихтиёр дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Хоҷагии деҳқонии «Ислом» шолипарварӣ мебошад ва соли ҷорӣ дар 0,60 гектар ин навъи зироат кишт карда шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ҳосили шолӣ дар Хоҷагии деҳқонии «Ислом» бо деҳқонон суҳбати самимӣ ороста, ба онҳо дар самти истифодаи босамару оқилонаи замин, истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати аграрии Ҳукумати мамлакат изҳори сипос карданд.
Бояд гуфт, ки дар заминҳои хоҷагӣ шолӣ кишти такрорӣ буда, қабл аз ин аҳли заҳмат дар 0,60 гектар ғалла корида, 2,5 тонна ҳосил ба даст оварданд.
Хоҷагидорон соли сипаришуда аз 0,60 гектар шолӣ беш аз 4 тонна биринҷи аълосифати навъи «лазер» рӯёниданд. Имсол бошад, аз хӯшаҳои серҳосилу пурбори шолӣ умед доранд, ки ҳосили баланд ба даст оваранд.
Дар баробари шолипарварӣ, саҳмдорон ҳар сол дар қитъаҳои алоҳидаи хоҷагӣ шалғам, помидору бодиринг, сирпиёз, лаблабу, қаланфур ва кабудиҳо кишту парвариш ва истеҳсол намуда, ба фурӯш мебароранд. Ҳоло дар кишти такрорӣ дар 0,60 гектар карам ва 0,30 гектар бойимҷон ба роҳ монда шудааст, ки аз он ҳосили баланд рӯёнида мешавад.
Ба гуфти роҳбари хоҷагӣ, саҳмдорон то имрӯз беш аз 8 тонна ҳосили бойимҷон ҷамъоварӣ ва ба бозорҳои истеъмолӣ пешниҳод намуда, аз ин ҳисоб 80 ҳазор сомонӣ даромад ба даст оварданд.
Ҳамин тариқ, аҳли заҳмати хоҷагӣ ҳам дар кишти асосӣ ва ҳам дар кишти такрорӣ ҳар як қитъа замини обиро босамар истифода намуда, ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона ва сабзавоту полезӣ машғул мешаванд.
Дар ҳамон ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоиши маҳсулоти ғалладона шинос шуданд. Аҳли заҳмат маҳсули дастранҷашон, аз ҷумла навъҳои гуногуни шолӣ, биринҷ, ҷав, гандум, зағир, маккаи дон, мошу нахӯд ва лубиёро ба намоиш гузоштанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам истифодаи босамари замин ва ба ин восита истеҳсоли бештари маҳсулоти кишоварзӣ ба хоҷагидорон ва масъулони соҳа маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.