Татбиқи аҳду паймони ҳосилшуда оғози марҳалаи нави муносибатҳо мегардад

№32 (4452) 15.03.2022

51930009296_ac31e1b77f_oСуханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот

бо Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ       

Миср, 10 марти соли 2022

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!

Хонумҳо ва ҷанобон!

Дар оғоз мехоҳам бори дигар ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср бародари арҷманди худ, Ҷаноби Олӣ Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Мисри дӯст самимона изҳори миннатдорӣ намоям.

Имрӯз мо бо Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср гуфтушунидҳои хосса ва васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо доштем. Дар ҷараёни музокироти имрӯза мо ба мувофиқаҳои арзишманд ва муҳим расидем.

Дар фарҷоми музокирот як қатор санадҳои ҳамкориро, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи моро такмил медиҳанд, ба имзо расонидем. Мо аз натиҷаҳои сафари худ ба Мисри дӯст қаноатманд ҳастем.

51930009131_9b3ccbee7a_oҲозирини гиромӣ!

Зимни суҳбати хосса ва музокироти васеъ мо масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Мисрро мавриди баррасӣ қарор дода, дар ин раванд, ҳамкориҳои созанда ва судмандро ба манфиатҳои дарозмуддати ҳар ду кишвар созгор донистем.

Изҳори итминон намудем, ки мувофиқаҳои имрӯз бадастомада барои ба сатҳи сифатан нав баровардани робитаҳои ҳар ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва гуманитариву фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳанд овард.

Мо нақши робитаҳои байнипарламентиро дар роҳи густариши ҳамкории фарогири дуҷониба муҳим арзёбӣ намуда, ташкил ва тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентиро дар ин раванд боаҳамият шуморидем.

Мо тавсеаи бештари ҳамкориро дар соҳаҳои саноату сармоягузорӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, истихроҷу коркарди маъдан, сайёҳӣ, инчунин, фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ муҳим арзёбӣ кардем.

Дар баробари таъкиди нақши созандаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Миср оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ ҳамчун василаи самарабахши баррасии маҷмӯи масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба ва муайян намудани самтҳои нави ояндадори робитаҳо миёни ҳар ду кишвар аз фаъолиятҳои бештар муназзами ҷаласаҳои минбаъдаи он ҷонибдорӣ намудем.

Таъкид кардем, ки баргузории Анҷумани соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикис­тону Миср ва таъсиси Шӯрои соҳибкорони ҳар ду кишвар барои густаришу тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои мазкур нақши муҳим хоҳад дошт. Ҳар ду ҷониб дар робита ба зарурати афзоиши ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ бо истифодаи имконоту фурсатҳои мавҷуда ҳамназар буданд.

Ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, дорусозӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар ин ҷода аз самтҳои ояндадори муносибатҳои миёни ҳар ду кишвар дониста шуд.

Ҷонибҳо алоқамандиро ба тавсеаи ҳамкорӣ миёни минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистону Миср аз тариқи табодули таҷриба дар самти бунёд, идора ва густариши фаъолияти ин минтақаҳо ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди онҳо изҳор карданд.

Мо, бо таъкид ба зарурати рушди ҳамкории фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Миср дар заминаи арзишҳои муштараки таърихӣ ва фарҳангӣ, дар робита ба баргузории рӯзҳои фарҳанг дар кишварҳои якдигар, таҷлили муштараки ҷашнҳои бузургони адаб ва фарҳанги гузашта, роҳандозии робитаҳо ва табодули таҷриба байни муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ ба мувофиқа расидем.

Ҷонибҳо алоқамандиро барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо истифода аз таҷриба ва имконоти мавҷудаи байни ҳар ду кишвар изҳор намуданд. Ҳамзамон бо ин, мо оид ба маҷмӯи масъалаҳои мубрами дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор анҷом додем.

Ҳар ду ҷониб бо ёдоварӣ аз мавқеи ҳамсон ё ба ҳам наздики худ дар ­масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҷонибдориро аз идомаи муносибатҳои шарикӣ дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, бо дарназардошти манфиатҳои муштарак, иброз намуданд.

Тоҷикистон ва Миср барои ҳамкории барои ҷонибҳо судманд дар масоили марбут ба амнияти минтақавӣ, мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва дар дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳамдигар омодагии худро эълон доштанд.

Густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ҷиҳати мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, киберҷиноятҳо, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар хатарҳо, ки ба амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ таҳдид мекунанд, зарур дониста шуд.

Дар робита ба масъалаҳои амниятӣ атрофи роҳҳои ҳар чӣ зудтар поён ёфтани низоъҳо дар кишварҳои Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва инчунин, Афғонистон табодули афкори муфассал сурат гирифт.

Масъалаҳои глобалии вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим мавриди таваҷҷуҳи хоси ҷонибҳо қарор доштанд. Дар ин зимн мо мушкилоти обшавии босуръати пиряхҳои Тоҷикис­тонро, ки 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, таъкид карда, аз ҷониби Миср барои дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии мо дар соҳаи обу иқлим изҳори сипос намудем.

Ҳамзамон бо ин, ибтикороти ҷониби Мисрро оид ба пешгирии гармшавии иқлим иқдоми муҳим арзёбӣ карда, ҷонибдории худ­ро аз рӯзномаи Саммити тағйирёбии иқлим, ки соли равон дар Миср баргузор мегардад, изҳор намудем.

Мо самараи боздиди расмиро аз сарзамини бостонии Миср умедбахш медонем ва итминон дорем, ки татбиқи аҳду паймони ҳосилшуда оғози накуи марҳалаи нави муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди ҳар ду кишвар хоҳад гардид.

Ман аз Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ даъват ба амал овардам, ки дар замони барояшон муносиб аз Тоҷикистон боздид ба амал оваранд.

 Бори дигар ба Шумо, Ҷаноби Президент ва дар симои Шумо ба мардуми шарифи Миср, барои пазироӣ ва меҳмоннавозии гарму самимӣ изҳори сипос менамоям.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.