16-уми ноябри соли 2024, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №879 «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ» ба имзо расид.
Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ созмони байналмилалии ғайритиҷоратӣ буда, зиёда аз 1400 ташкилоти давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ аз 170 кишвари ҷаҳон узви Иттиҳоди зикршуда мебошанд.
Ин Иттиҳод масъалаҳои вобаста ба ҳифзи гуногунии биологии сайёраро баррасӣ карда, тадбирҳои сиёсӣ ва амалҳоро оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ таҳия ва татбиқ менамояд, лоиҳаҳои самти мазкурро дастгирӣ менамояд.
Ҳамчунин, созмони мазкур маълумот дар бораи вазъи табиати кишварҳои гуногун ва рӯйхати намудҳои олами набототу ҳайвоноти минтақаҳои мухталифи ҷаҳонро барои ҳифзи махсус пешниҳод менамояд.
Таъсир расонидан, ҳавасманд кардан ва кумак намудан ба ҷомеаи саросари ҷаҳон дар ҳифзи гуногунии биологӣ ва таъмин намудани истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ — аз ҳадафҳои асосии иттиҳод ба ҳисоб меравад.
Иттиҳоди мазкур мақоми нозири Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳидро дошта, дар татбиқи як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба муҳофизати табиат ва гуногунии биологӣ мавқеи хос дорад. Ҳамчунин, дар таъсиси Хазинаи умумиҷаҳонии табиат ва Маркази ҷаҳонии мониторинги ҳифзи табиат бевосита иштирок менамояд.
Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ ягона ташкилоти ҷаҳонии дорои фонди махсуси маблағгузории лоиҳаҳое мебошад, ки ба ҳифз ва нигоҳдории набототу ҳайвоноти нодир равона шудаанд.
Иттиҳоди мазкур ғайр аз созмонҳои аъзои худ дар таркибаш 6 комиссияи илмӣ ва котиботи соҳавиро муттаҳид намудааст ва дар кори комиссияҳои он беш аз 16 ҳазор олимон ва мутахассисон ба таври ихтиёрӣ иштирок менамоянд.
Шомил шудан ба Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои зеринро фароҳам меоварад, аз ҷумла:
- дастрасӣ ба маблағҳои Фонди глобалии экологӣ ва Фонди Иқлими Сабз;
- дастрасӣ ба фонди махсуси набототу ҳайвоноти ба руйхати ҷаҳонии сурх шомилшуда.
Ҳамзамон бо ин, иттиҳоди зикргардида ба шарофати таҷрибаи ғании худ дар лоиҳаҳои гуногун дар самти ҳифзи муҳити зист ва табиат дар саросари ҷаҳон дар таҳия ва татбиқи ин лоиҳаҳо низ кумак мерасонад.