Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд»

№ 21.03.2025
 Дар асоси принсипҳои башардӯстӣ, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд», дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз ҷазои 897 нафар маҳкумшудагон бахшида шуда, онҳо аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.

Фармони мазкур нисбати маҳкумшудагоне татбиқ мегардад, ки барои содир намудани ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна ва вазнин аз озодӣ маҳрум карда шуда, дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо менамоянд.