Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм ва маблағгузории он ҳамеша омодаи ҳамкорист

№56 (4006) 18.05.2019

17 майи соли 2019 дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси сатҳи баланд «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» баргузор шуд, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар конфронс муовини Дабири кулли СММ, Котиби генералии СҲШ, намояндагони САҲА, СААД, вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, муовини Котиби генералии Иттиҳоди Аврупо, коршиносони даҳҳо кишвари хориҷӣ иштирок намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ иштирокчиёни ҳамоишро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, ба кори конфронс барору комёбӣ орзу намуданд.

Таъкид гардид, ки алҳол ҷомеаи ҷаҳонӣ пешорӯи хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ қарор дорад, ки ҳамаро ба дарёфти равишҳои нави муқовимат бо онҳо водор месозад.

Имрӯзҳо миллионҳо нафар дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба таҳдиди ҷангу даргириҳо рӯ ба рӯ ва терроризму экстремизм боиси оқибатҳои ногувори сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқӣ гардидаанд. Фаъолияти созмонҳои террорис­тӣ, дигар ифротгароён ҳудуди қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро дар бар гирифтааст.

Сарвари давлат пешниҳод карданд, ки давлатҳою халқҳо, ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятҳо, пеш аз ҳама, барои решакан кардани омилҳои зуҳуроти терроризм муборизаи муштарак ва ҳадафмандона баранд.

Таъкид гардид, ки маблағҳои аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бадастоварда яке аз сарчашмаҳои асосии таъмини молиявии терроризм  мебошанд.

Тоҷикистон бо дарки воқеии хатари глобалии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир солҳои тӯлонӣ  талошҳои худро ба мубориза бо ин зуҳуроти хатарбор равона намуда, дар ин самт таҷрибаи кофӣ низ касб кардааст.

Дар охир Сарвари давлат бори дигар таъкид карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм ва маблағгузории он  ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо ҷонибҳои манфиатдор мебошад.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  муовини Дабири кулли СММ Владимир Воронков суханронӣ ва ба роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани чорабинӣ изҳори сипос намуда, ба Тоҷикистон барои саҳми муносиб дар самти мубориза бо терроризму пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баҳои арзанда дод.

www.president.tj