Тоҷикистон-Қирғизистон: ҳавасмандӣ ба ҳалли масоили баҳсноки марзӣ

№107 (3253) 16.09.2014

Нимаи дуюми рӯзи 12 сентябри соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев мулоқот намуд.

Зимни суҳбат масоили вобаста ба муносиботи ҳамсоягӣ ва рушди ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Сарони ҳар ду давлат ҳавасмандии худро ба ҳалли ҳар чӣ зудтари масоили баҳсноки марзӣ дар минтақаи шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон ва пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои иғвогарона таъкид доштанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дӯстию бародарии анъанавии мардумони тоҷику қирғиз ҳифз гардида, минбаъд низ ба нафъи ҳар ду давлати ҳамсояи дорои манфиатҳои муштарак ва шароити ба ҳам наздик хизмат хоҳад кард.

Ҳавасмандии ду ҷониб ҳамчунин ба рушди ҳамгироии минтақавӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, саноати кӯҳӣ ва дигар бахшҳо, ки барои ҳар ду кишвар аҳамияти стратегӣ доранд, таъкид гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои муносиботи минтақавию ҷаҳонӣ гуфтугӯй сурат гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон аз Алмазбек Атамбоев даъват намуд, ки дар вақти барояш мувофиқ ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Даъват пазируфта шуд.

www.president.tj