Суханронии ҷамъбастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳаждаҳуми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, шаҳри Душанбе, 26 январи соли 2018
Муҳтарам ширкаткунандагони ҷаласа! Ҳозирини гиромӣ!
Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ки аз таъсиси он даҳ сол сипарӣ гардид, имрӯз ба майдони муколамаи воқеан озоду самараноки давлат ва бахши хусусӣ табдил ёфтааст.
Тайи ин муддат тавассути Шӯро дар самти беҳсозии фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ислоҳоти зиёд амалӣ гардида, ҷиҳати ҳалли мушкилоти бахши хусусӣ қарорҳои дахлдори Шӯро ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд. Аз ҷумла, таҳия ва татбиқи Барномаи «Беҳбуди фазои сармоягузорӣ — 200 рӯзи ислоҳот» ва дар заминаи он таъсис ёфтани «Равзанаи ягона» барои бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, содагардонии низоми иҷозатдиҳӣ, ба санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ се маротиба эълон гардидани мораторий, қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав, ташкили низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, таҳия ва мавриди амал қарор гирифтани қонунҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ, инчунин, таъсиси Фонди дастгирии соҳибкорӣ, шомилшавии Тоҷикистон ба конвенсияҳо оид ба судҳои арбитражии хориҷӣ ва апостил, таъсиси рейтинги соҳибихтиёрии кредитии Тоҷикистон аз дастовардҳои назарраси Шӯро маҳсуб меёбанд.
Дар натиҷа, мавқеи Тоҷикистон дар арзёбиҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ боло рафта, фазои сармоягузорӣ мунтазам беҳтар гардида истодааст.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҳамаи аъзои Шӯро, аз ҷумла вазорату идораҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд барои саҳми арзанда дар татбиқи ислоҳот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар кишвар изҳори сипос менамоям.
Бо мақсади фароҳам овардани фазои боз ҳам мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ дар Тоҷикистон 16-уми январи соли ҷорӣ Фармони Президенти кишвар «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба имзо расонида шуда, дар асоси он бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президенти мамлакат лоиҳаи қонуни дахлдор барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардид.
Ҳамзамон бо ин, тибқи лоиҳаи қонуни дигар ба ширкатҳои ватании нақлиётӣ имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд, ки мувофиқи онҳо воридоти ҳавопаймоҳо, локомотивҳо ва вагонҳои замонавӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
Илова бар ин, лоиҳаи қонунҳо доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои андозу гумрук дар хусуси додани имтиёзҳои андозӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ пешниҳод гардид.
Имтиёзҳо ба рушди соҳаҳои дӯзандагӣ, парандапарварӣ, саноати хӯрока, дорусозӣ, хизматрасониҳои тиббиву ташхисӣ, нақлиёт ва дигар соҳаҳо равона гардидаанд. Инчунин, бо мақсади шаффоф ва осон гардонидани маъмурикунонии андоз тартиби ҳалли ихтилофот дар мавриди мавҷуд будани духӯрагиҳо дар Кодекси андоз, муҳлатҳои санҷиши нақшавии аввалин ва гузаронидани назорати камералӣ танзим гардида, ба соҳибкорон як қатор сабукиҳо дода шуданд.
Бояд зикр кард, ки тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии пешниҳодгардида, новобаста аз вақти қабул ва эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудани онҳо, аз 1-уми январи соли 2018 мавриди амал қарор дода мешаванд.
Итминон дорам, ки нақши Шӯрои машваратӣ дар раванди татбиқи ислоҳот дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ минбаъд низ муассир хоҳад гардид.
Бо мақсади тақвият бахшидан ба фаъолияти Шӯро ва ба сатҳи сифатан нав баровардани он ба котиби масъули Шӯро супориш дода мешавад, ки якҷо бо Вазорати адлия Регламент ва Низомномаи Шӯрои машваратиро мукаммал намуда, бо тартиби муқарраргардида ба баррасии Ҳукумати мамлакат манзур намояд.
Ҳозирини гиромӣ!
Яке аз масъалаҳое, ки дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯро мавриди баррасӣ қарор дода шуд, натиҷаҳои таҳлил оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёт, инчунин, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат дар ин самт мебошад.
Бояд гуфт, ки баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба марҳалаи нави он — ба қаламрави транзитӣ табдил додани Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар муайян шудааст ва рушди соҳа, ҳамчунин, дар ҷодаи баланд бардоштани қобилияти рақобати маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар бозорҳои хориҷӣ, тақвият бахшидан ба неруи содиротии мамлакат, ташкили инфрасохтори зарурӣ дар шафати роҳҳои байналмилалӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ саҳми басо арзишманд гузошта метавонад.
Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои Ҳукумати мамлакат ва стратегияву барномаҳои рушди нақлиёт аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ ва ҷалби маблағҳои шарикони рушд имкон пайдо шуд, ки дар давраи на чандон тӯлонии Истиқлолияти давлатӣ зиёда аз 70 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ карда шавад.
Дар натиҷа, се минтақаи алоҳидаи кишвар аз лиҳози инфрасохтори нақлиётӣ бо ҳам пайваст гардид ва маҷмааи ягонаи нақлиётӣ таъсис дода шуд.
Илова бар ин, бо татбиқи лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ маркази кишвар бо ҷануб тавассути роҳи оҳан пайваст гардид ва ҳоло дар мамлакат барои барқарорсозӣ ва таҷдиди роҳҳои аҳамияти минтақавидошта 15 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ шуда истодааст, ки 30 фоизи сандуқи умумии лоиҳаҳои татбиқшавандаро дар ҳамаи соҳаҳо дар бар мегирад. Қобили зикр аст, ки ин роҳҳо барои ҳамлу нақли байналмилалӣ ва тавсеаи ҳамкории минтақавӣ аҳамияти муҳим доранд.
Аммо ин дастовардҳо ниҳояти кор нестанд ва моро зарур аст, ки барои истифодаи пурраи захираҳои мавҷудаи соҳа, баланд бардоштани қобилияти рақобати бахши нақлиёти ватанӣ ва таъмин намудани рушди устувори он боз корҳои зиёдеро анҷом диҳем.
Аз ҷумла, яке аз самтҳое, ки метавонад ба иқтисоди миллӣ даромади назаррас ворид намояд, таҳкими иқтидор ва имкониятҳои транзитии кишвар мебошад, зеро то ба ҳол имконоти транзитии Тоҷикистон тавассути роҳҳои мошингард, роҳи оҳан ва масири ҳавоӣ пурра истифода бурда намешаванд.
Тибқи таҳлилҳо айни замон низоми маъмурии соҳа, аз ҷумла расмиёти ҳамлу нақл, хизматрасонии назди роҳҳо ва монанди инҳо ба такмил эҳтиёҷ доранд. Дар ин самт густариши ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ зарур буда, инфрасохтори мукаммал барои нигоҳдории роҳҳо, долонҳои нақлиётӣ, гузаргоҳҳои замонавии наздисарҳадӣ ва дигар иншооти зарурии барои транзит мувофиқ бояд бунёд карда шаванд. Иҷрои ин шартҳо моро ба ҳадафҳои гузошташуда наздиктар месозад.
Вобаста ба ин, ба Вазорати нақлиёт ва дигар сохторҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки кодекси нави автомобилии кишварро дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ ва созишномаҳои аз тарафи Тоҷикистон эътирофгардида таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Тоҷикистон ба қатори кишварҳои маҳсур ба хушкӣ шомил аст ва дар қаламрави он бештар нақлиёти автомобилӣ истифода бурда мешавад. Чунин шароит моро водор месозад, ки барои баромадан ба бандарҳои байналмилалӣ ҳамкориро бо давлатҳои минтақа ҷиҳати ташкили гузаргоҳҳои сарҳадиву гумрукӣ ва марказҳои логистикӣ густариш диҳем.
Дар робита ба ин, хотирнишон месозам, ки ҳоло масъалаи сарчашмаи маблағгузории қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, ки лоиҳаи бунёду таҷдиди онҳо омода мебошад, ҳал нашудааст.
Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар самти нақлиёт вобаста ба афзалиятҳо ҳамкориро бо шарикони рушд тақвият бахшанд.
Ҳамзамон бо ин, муқаррароти алоҳидаи конвенсияҳо ва созишномаҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, аз ҷумла оид ба содагардонии савдо, транзит, назорати гумрукии молҳо дар Кодекси гумрук ва дигар санадҳои танзимкунандаи фаъолияти соҳа ба таври умум ба инобат гирифта нашудаанд.
Бо дарназардошти ба низоми байналмилалии ҳамлу нақли автомобилии бор (TIR) ворид шудани кишварҳои минтақа ва таваҷҷуҳи хосаи мамлакатҳои тараққикарда ба иқтидори транзитии Осиёи Марказӣ, дар баробари муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ, инчунин, қонунгузории миллии Тоҷикистон барои ҳамлу нақл ва транзит бояд мусоид гардонида шавад.
Мушкилоти дигаре, ки ба рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ ва минтақавӣ тавассути Тоҷикистон монеаи ҷиддӣ эҷод менамояд, то ба ҳол мақоми байналмилалӣ нагирифтани гузаргоҳи «Қарамиқ» дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аст.
Ҳарчанд ки ин масъала дар сатҳҳои гуногун борҳо муҳокима гардидааст, вале то ба имрӯз ба ҳалли ниҳоӣ нарасидааст. Мақоми байналмилалӣ гирифтани гузаргоҳи «Қарамиқ», дар баробари афзоиши ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути кишвари мо, ба васеъ шудани имконоти транзитӣ, рушди бахши сайёҳӣ ва ҳалли дигар масъалаҳо мусоидат хоҳад кард.
Аз ин рӯ, Вазорати корҳои хориҷӣ вазифадор карда мешавад, ки дар доираи гурӯҳи кории байниидоравӣ масъалаи мақоми байналмилалӣ додан ба гузаргоҳи «Қарамиқ»-ро асоснок намуда, тибқи тартиби муқарраргардида барои ҳалли масъала тадбирҳои амалӣ андешад.
Аз шарикони рушд даъват ба амал оварда мешавад, ки ба ҳалли ин масъала мусоидат намоянд.
Муҳтарам аъзои Шӯро! Ҳозирини гиромӣ!
Бунёди роҳҳои оҳан ва ба меъёри байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани хизматрасонии мусофиркашонӣ ва боркашонӣ тавассути ин роҳҳо барои ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани Тоҷикистон масъалаи муҳимтарин ба ҳисоб меравад.
Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки шабакаи роҳҳои оҳани худро бо дигар давлатҳои минтақа пайваст намуда, ҳамлу нақлро тавассути роҳи оҳан васеътар намояд.
Кушодани хатсайрҳои нави роҳи оҳан талаб менамояд, ки парки нақлиётии роҳи оҳан муосир ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шавад.
Аз ин рӯ, дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ супориш додам, ки ҷиҳати навсозии техникии Ширкати «Тоҷик Эйр» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон тадбирҳои муассир андешида шаванд.
Зарур аст, ки барои солимгардонии соҳа тадбирҳои иловагӣ андешида, қобилияти рақобати соҳаи нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ баланд бардошта шавад. Ин иқдом, албатта, дастгирии шарикони рушдро низ тақозо менамояд.
Барои дар сатҳи баланд таъмин намудани бехатарии парвозҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои транзити парвозҳо аз масири ҳавоии кишвар бунёди инфрасохтори муосир зарур аст.
Таъмин намудани соҳа бо таҷҳизоти аэронавигатсионии муосир имкон фароҳам меорад, ки парвозҳои транзитӣ тавассути фазои ҳавоии кишвар бештар сурат гиранд.
Бояд гуфт, ки унсурҳои хавфноки парвоз дар минтақаҳои кӯҳӣ назар ба минтақаҳои ҳамвор якчанд баробар зиёд мебошанд. Ин омил тақозо менамояд, ки барои ҷалби хатсайрҳои транзитӣ тавассути фазои Тоҷикистон техника ва таҷҳизоти мувофиқ ба минтақаҳои кӯҳӣ дастрас карда шаванд.
Гарчанде то имрӯз дар ин самт корҳои назаррас анҷом дода шудаанд, аммо онҳо барои таъмин намудани бехатарии парвозҳо ва зиёд кардани долонҳои транзитӣ пурра кифоят намекунанд.
Бинобар ин, бо мақсади дастгирии соҳаи нақлиёти ҳавоӣ ба Ҳукумати кишвар супориш дода мешавад, ки барои рушди нақлиёти ҳавоӣ, бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани соҳаи аэронавигатсия ва баланд бардоштани қобилияти рақобати ширкатҳои ватанӣ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва амалӣ намуда, ҳамкориро бо шарикони рушд дар ин самт тақвият бахшад.
Агентии навтаъсиси авиатсияи гражданӣ вазифадор карда мешавад, ки пешниҳодҳои худро оид ба рушди соҳа ба Ҳукумат манзур намояд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷорӣ намудани сиёсати «Осмони кушода» ба иқтисодиёти мамлакатҳое, ки онро амалӣ намудаанд, манфиати зиёд меорад.
Бо дарназардошти он ки Тоҷикистон дар қалби Осиё ҷойгир аст, метавонад барои кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, Аврупо ва минтақаҳои Уқёнуси Ором ҳамчун қаламрави транзитӣ истифода гардад.
Қобили зикр аст, ки тибқи арзёбии Созмони ҷаҳонии туристӣ Тоҷикистон дар самти содагардонии раванди дастрасӣ ба раводиди сайёҳӣ дар ҷаҳон ба панҷгонаи беҳтарин шомил гардид.
Ҳамзамон бо ин, мо соли 2018 — ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудем ва талош мекунем, ки дар ин самтҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардем.
Ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки барои татбиқи сиёсати «Осмони кушода», аз ҷумла барои мусофирбариву боркашонӣ зиёд намудани хатсайрҳои ҳавоӣ аз кишварҳои Аврупо, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва минтақаи Уқёнуси Ором ба фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат ва дар ин замина тақвият бахшидани иқтидори транзитии он тамоми чораҳои заруриро амалӣ намояд.
Муҳтарам аъзои Шӯро!
Дар кишвари мо дар баробари фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президент оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ шӯроҳои машваратии назди раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо фаъолият доранд ва шумораи онҳо то имрӯз ба 40 расидааст.
Афзалияти асосии шӯроҳо дар он аст, ки намояндагони бахши хусусӣ дар муҳокима, баррасӣ ва таҳияи санадҳои қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти соҳа бевосита иштирок ва мавқеи худро аз нуқтаи назари имкониятҳои рушди соҳа иброз менамоянд.
Саҳми бахши хусусӣ дар иқтисоди миллӣ сол ба сол бештар шуда истодааст, аммо аз ҷониби баъзе сохторҳои масъули давлатӣ ба ин масъала эътибори на чандон ҷиддӣ дода мешавад, ки ислоҳи фаврӣ мехоҳад.
Вобаста ба ин, зарур аст, ки фаъолияти шӯроҳои машваратии назди раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тақвият дода шуда, онҳо ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пешниҳоду хулосаҳои худро мунтазам манзур намоянд.
Муҳтарам аъзои Шӯро! Ҳозирини гиромӣ!
Масъалаи дигаре, ки дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯро мавриди баррасӣ қарор дода шуд, натиҷаҳои таҳлил оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши бонкдорӣ ва молия мебошад.
Дар зарфи ду — се соли охир аз меъёр зиёд шудани қарзҳои ғайрифаъол, мушкилоти пардохтпазирии бонкҳои тиҷоратӣ, татбиқи нопурраи принсипҳои идоракунии корпоративӣ дар низоми бонкӣ, рушд накардани бозори қарзии байнибонкӣ аз ҷумлаи масъалаҳои асосии низоми бонкӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар Паёми имсолаи Президент ба Маҷлиси Олӣ оид ба ин масъала ба Ҳукумати мамлакат супоришҳои зарурӣ дода шуданд.
Ҳамчунин, таъкид месозам, ки таҷрибаи давлатҳои рушдёфта дар соҳаи бонкдорӣ ҳаматарафа таҳлил гардида, дар низоми бонкӣ ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида шавад.
Бо мақсади баланд намудани эътимоди аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор Бонки миллӣ якҷо бо бонкҳои кишвар бояд механизми суғуртаи пасандоз ва амонатҳои низоми бонкиро дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ ва бо мувофиқаи Ҳукумати мамлакат ҷорӣ намояд.
Омили дигаре, ки ба рушди низоми бонкии кишвар монеъ шуда истодааст, дар ҳолати номуайянӣ қарор доштани амонатгузорон ва истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ мебошад.
Барои бартараф намудани ҳолати мазкур муқаррар намудани низоми ягонаи назорати идоракунии корпоративӣ барои бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ муҳим мебошад.
Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки сатҳи касбияти кормандони соҳаи бонк баланд бардошта, барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар самти фаъолияти бонкдорӣ такмил дода шаванд.
Вобаста ба ин, ба Бонки миллӣ ва Вазорати молия супориш дода мешавад, ки ҷараёни ҷорӣ намудани идоракунии корпоративиро дар низоми молияву қарз тақвият дода, механизми шаффофияти фаъолияти бонкҳо ва баланд бардоштани эътимод ба онҳоро татбиқ намоянд.
Инчунин, зарур аст, ки Вазорати молия ва Бонки миллӣ ҷиҳати тақвият бахшидан ба фишангҳои пуливу қарзӣ ва баланд бардоштани бозоргирии коғазҳои қиматноки давлатӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд, то ки ҷараёни сармоягузорӣ дар кишвар тавассути биржаи фондӣ фаъол гардонида шавад.
Муҳтарам ширкаткунандагони ҷаласа!
Вобаста ба мавзӯъҳои ҷаласаҳои навбатии Шӯрои машваратӣ таъкид месозам, ки масъулин дар самти ислоҳи камбудиҳо ва пешрафти соҳа, махсусан, беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ дар бахшҳои маориф ва илм, пешниҳодҳои мушаххас манзур хоҳанд кард.
Инчунин, доир ба масъалаҳои самаранокии низоми андозбандӣ, таҳлили ҳаматарафаи имтиёзҳои пешниҳодшуда, сабабҳои бархӯрдор набудани соҳибкорон аз ин имтиёзҳо вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки баррасии ҳаматарафа гузаронида, роҳҳои ҳалли мушкилиҳоро дар ин самт ба Шӯрои навбатӣ пешниҳод намоянд.
Дар хотима мехоҳам изҳори итминон намоям, ки татбиқи қарорҳои дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯро қабулгардида барои боз ҳам беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар кишвар саҳми назаррас хоҳанд гузошт.
Бо ҳамин ҷаласаи ҳаждаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориро пӯшида эълон мекунам.
Ба ҳамаи шумо барори кор ва комёбиҳо орзумандам.
Ҳамеша муваффақ бошед!