Тоҷикистон на танҳо об, балки захираҳои табиию минералии бисёр ғанӣ дорад

№120 (4070) 08.10.2019

48841282666_e04c3715a6_oНуҳуми сентябри соли 2019 дар маҳалли сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба кор даровардани агрегати дуюми неругоҳ бо хабарнигори Шабакаи телевизионии «Ал — ҷазира» — и Давлати Қатар оид ба рушди иқтидорҳои энергетикии Тоҷикистон, аҳамияти иншооти гидроэнергетикии азими НБО «Роғун», таъсири глобалии тағйирёбии иқлим, оқибатҳои манфии он ва тадбирҳои созандаи Тоҷикистон дар ин самт, ташаббусҳои ҷаҳонии марбут ба об дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи олам, қабули қатъномаи СММ барои эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, 2018-2028» ва дурнамои ҳамкории минтақавии Тоҷикистон мусоҳиба анҷом доданд.

Президент: - Як ҷаҳон ташаккур! Хуш омадед ба Тоҷикистон. Тоҷикистон манбаъҳои нефту газ надорад. Ягона боигарии он захираҳои гидроэнергетикӣ аст. Захира ва имкониятҳои Тоҷикистон зиёда аз 580 миллиард квт/соатро ташкил медиҳад. Вақте Тоҷикистон, 9 сентябри соли 1991, Истиқлолият ба даст овард, таъмини аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат бо неруи барқ мушкили асосӣ буд. Солҳои аввал мардумро, қариб ки бо неруи барқ таъмин карда наметавонистем. Иқтисодиёти Тоҷикистон низ мушкилии зиёд дошт. Аз ин сабаб ба рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон рӯ овардем. Омӯзиши тарҳи Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз замони шӯравӣ оғоз гардид, аммо баъд солҳои зиёд ба гӯшаи фаромӯшӣ афтод. Баъди ба даст овардани Истиқлолият аз нав ба омӯзиши ин тарҳ шурӯъ намудем ва оҳиста-оҳиста сохтмони онро сар кардем.

Тоҷикистон аз рӯи захираҳои гидроэнергетикӣ, неруи таҷдидшаванда дар дунё дар ҷойи 8 — ум қарор дорад. Инчунин, аз рӯи фоизи истеҳсол ва истеъмоли энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар байни кишварҳои ҷаҳон дар ҷойи 6 — ум меистад.

Проблемаи глобалии ҷаҳон проблемаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи табиат ба шумор меравад. Чунонки коршиносони байналмилалӣ, институтҳои дахлдори СММ иброз доштанд, моҳи июли имсол аз моҳҳои гармтарини даҳсолаҳои охир будааст. Мо шоҳиди он ҳастем, ки дар дунё чӣ гуна сол то сол ҳодисаҳои нохуши марбут ба тағйирёбии иқлим сар мезанад. Аз ин рӯ, ба бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, яъне, тавлиди энергияи «сабз» аз манбаъҳои таҷдидшаванда, шурӯъ кардем. Мо рӯ овардем ба иқтисоди «сабз». Ин на танҳо барои мо, балки барои минтақа аҳамияти бузург дорад. Неругоҳҳое, ки сохта истодаем, барои минтақаҳои дуру наздик низ хизмат карда метавонанд.

Масалан, мо як лоиҳаи марбут ба неругоҳҳоро бо номи «CASA-1000» амалӣ карда истодаем, ки ҳадафи он сохтани хатти интиқоли барқи баландшиддат аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, ҳамчунин, дигар кишварҳои Осиё мебошад. Ин лоиҳае, ки амалӣ карда истодаем, аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ дастгирӣ меёбад ва ҳаҷми маб­лағи тат­биқи он 1 миллиарду 100 миллион долларро ташкил медиҳад. Яъне, агар ҳоло танҳо ба баъзе кишварҳои ҳамсоя интиқоли барқро ба роҳ монда бошем, аз соли 2021 ба Афғонистону Покистон дар ҳаҷмҳои хеле калон барқи аз нигоҳи экологӣ тоза содирот мекунем. Аз ин нигоҳ, неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон барои беҳтаршавии вазъи экологии минтақа хизмати бениҳоят бузург мекунанд. Аз тарафи дигар, обанборҳои неругоҳҳо дар солҳои камобӣ ва хушксолӣ мардумро бо захираҳои зарурии оби ошомиданӣ таъмин карда, дар мавсими тобистон ба кишварҳои минтақа дар обёрии заминҳо мусоидат хоҳанд кард. Ҳамин тариқ, рушди гидроэнергетика ҳам барои мо ва ҳам кишварҳои минтақа, барои экология ва рушди иқтисодиёту саноат фоидаовар аст. Аз ин хотир, лоиҳаҳои мазкурро амалӣ карда истодаем.

Мухбири «Ал — ҷазира»: — Ҷаноби Президент, шумо як китоб навиштаед бо номи «Тоҷикон дар оинаи таърих»…   Саҳми араб­ҳо ё инвесторҳои араб дар эҳёи Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Президент: — Аслан чандон қонеъкунанда нест. Мо  кишварҳои арабиро аз ҷумлаи шарикони муҳим дар арсаи байналмилалӣ медонем. Ба рушду таҳкими муносибатҳои нек бо онҳо таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоем. Ҷаҳони араб ба кишварҳои минтақа бояд ба таври кофӣ таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Метавон гуфт, ки давраи сипаришуда дар муносибатҳо марҳилаи омӯзишӣ буд. Аммо, аз нигоҳи мо, марҳилаи омӯзишӣ тӯлонӣ шуд. Аллакай 28 сол гузашт. Имрӯз ҳамкорӣ бо кишварҳои арабӣ дар ҳоли рушд қарор доранд, вале ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Аз ин рӯ, барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, гуманитарӣ кӯшиши зиёд ба харҷ дода истодаем, чунки мо — тоҷикон ва ҷаҳони араб умумиятҳои хеле бо ҳам наздик ва зиёд дорем. Мо чандин маротиба дар сафарҳое, ки ба мамолики араб доштем, чӣ расмӣ ва чӣ корӣ, ҷиҳати ҳузури бештари иқтисодӣ ва сармоягузорӣ аз онҳо пайваста даъват ба амал меорем. Мисолҳо дар ин самт ҳастанд, лекин на он қадар зиёд. Ҳамкориҳо бештар ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, бо кишварҳои арабӣ, мисли Кувайт, Қатар ва то андозае бо Аморот ҳоло хуб ба роҳ монда шудааст.

Таваҷҷуҳи кишварҳои арабӣ ба минтақа, намедонам сабабаш чӣ бошад, чандон фаъол нест. Ҳол он ки дорои таъриху тамаддуни муштаракем. Мо яке аз аввалин кишварҳои собиқ шӯравӣ ҳастем, ки бо ташаббуси ин ҷониб, ки бисёриҳо дар он давра ба он зид буданд, аъзои Конфронси исломӣ шудем, зеро бо ҷаҳони ислом хеле таърихи тӯлонӣ дорем. Ман дар чандин баромад борҳо ин нуктаро қайд кардаам, ки кишварҳои пешрафта ва аз лиҳози иқтидори иқтисодӣ бой имконият доранд барои дастгирии кишварҳои рӯ ба инкишофи ҷаҳони ислом кумак кунанд. Ҳатто мисол ҳам овардам, ки агар даҳ дарсади он маблағҳоеро, ки дар бонкҳои кишварҳои абарқудрат ва пешрафта гузоштаанд, ба як фонди мутамарказ дар базаи Бонки исломӣ барои дастгириву кумак ба кишварҳои рӯ ба инкишофи ҷаҳони ислом ҷамъ меоварданд, аз чанд лиҳоз ҳам ба манфиати кишварҳои арабӣ, ҳам барои муттаҳидӣ ва сарҷамъии уммати мусулмон ва ҳам ҳамкориҳои байни кишварҳои мусулмонӣ  мусоидат менамуд. Лекин афсӯс, ин даъватҳо на он қадар шунида ва дастгирӣ карда мешаванд, ки боиси афсӯс аст.

Мухбири «Ал — ҷазира»: — Стратегияи Шумо ҷиҳати ба ҳадди аксар расонидани тавлиди неруи барқ ва истифодабарии он дар саноат ва рушди Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Президент: - Асосан, он обе, ки дар ин обанборҳо ҷамъ мешаванд, барои истеҳсоли қувваи барқ истифода мегарданд. Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст, наваду се дарсади онро кӯҳҳои бениҳоят баланд ташкил медиҳад ва мо замини зиёде барои обёрӣ надорем. Аз ин лиҳоз, ин як манбаи иловагии обёрӣ барои кишварҳои поёноб дар фасли гармо ва дар солҳои хушксолӣ мебошад. Яъне, қисми муайяни обро мо барои истеҳсоли қувваи барқ истифода мекунем ва боқимондааш ба кишварҳои поёноб меравад, ки онҳо онро барои рушди соҳаи кишоварзӣ истифода мебаранд.

Мухбири «Ал — ҷазира»: — Ҷаноби Олӣ, Тоҷикистон миёни Афғонистон ва инчунин, Қирғизистону Ӯзбекистон, воқеъ аст. Назари Шумо вобаста ба сулҳ ва гуфтушуниде, ки ҳоло байни Ҳукумати Афғонистон ва «Толибон» шуда истодааст ва ояндаи ин кишвар чӣ гуна аст?

Президент: - Ба назари мо амнияту тинҷии Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама, аз вазъи Афғонистон вобаста аст. Барои ҳамин ҳам аз рӯзи аввали ба даст овардани Истиқлолият мо дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш ба харҷ  дода истодаем, ки вазъи Афғонистон ҳар чӣ зудтар ҳаллу фасл карда шавад. Дар ин  кишвар зиёда аз чил сол аст, ки муноқишаҳои дохилӣ идома доранд. Вазъи имрӯзаи он хеле мураккаб аст. Мо дида истодаем, ки аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ, қариб ҳар ҳафта, ҳар моҳ як-ду ҳодисаи бениҳоят мудҳиши террористӣ рӯй медиҳад. Ва мо чандин маротиба иброз ҳам доштем, ки ҳаллу фасли қазияи Афғонистон бо роҳи низомӣ ғайримумкин аст.

Солҳои тӯлонист, ки ҷанг дар Афғонистон идома дорад. Аз ин лиҳоз, роҳҳои дигари ҳалли қазияи Афғонистон, аз ҷумла, гуфтушунид, бояд мавқеи калидӣ дошта бошанд. Мо ҷонибдори он ҳастем, ки қазияи Афғонистон танҳо бо роҳи гуфтушунидҳо ҳаллу фасл карда шавад. Ва ақидаи ман ин аст, ки тақдири Афғонистон бояд дар дасти худи халқи Афғонистон бошад. Мардуми Афғонистон тақдири худро ба даст гирад ва ояндаро муайян кунад. Умуман, вазъи Афғонистон барои чӣ солҳои тӯлонӣ ногувор аст? Дар ин ҷо танҳо афғонҳо гунаҳкор нестанд. Бадбахтии асосӣ дахолат ба корҳои Афғонистон аз берун аст. Барои ҳамин ҳам авзоъ печида аст ва пагоҳ чӣ мешавад, касе пешгӯӣ карда наметавонад. Лекин мо ҳамчун як кишваре, ки бо ин давлат бениҳоят марзи тӯлонӣ дорем, ҷонибдори кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, Ҳукумати Афғонистон доир ба роҳандозии музокирот ва бо таври гуфтушунид ҳаллу фасл намудани қазияи он ҳастем.

Дар раванди гуфтушунидҳое, ки байни «Толибон» ва Амрико сурат гирифтанд, мо, фикр мекунем, ки хуб мешуд, агар Ҳукумати Афғонистон фаъолтар ширкат меварзид. Чунки ин Ҳукумат­ро мардум интихоб кардааст. Дуюм, ба ин раванд бояд ҳамсоякишварҳои Афғонистон низ ҷалб карда шаванд. Кӯшишҳое, ки то ба ҳол ба харҷ дода шудаанд, ба андешаи ман, як қадам ба сӯи сулҳу оромӣ мебошанд. Ба ҳар ҳол мо ҳамаҷониба тарафдори раванди  сулҳофарӣ дар ин кишвар ҳастем, аммо бар онем, ки ҳар ифоқае ва ҳар шартномае, ки дар ин раванд ба даст меояд ва ба имзо мерасад, бояд кафолати иҷрои амалиашро дошта бошад. Албатта, ин ҳама яку якбора мавриди амал қарор намегирад. Раванди сулҳ бисёр мураккаб аст ва ман ин нуктаро аз таърихи талхи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯям. Таҷрибаи раванди сулҳи тоҷиконро бояд меомӯхтанд, чунки қазияи Афғонистон бо ҷанги шаҳрвандие, ки дар кишвари мо буд, бисёр монанд ва қариб тавъам аст. Мо ҷиҳати кумаку мусоидат ба мардуми Афғонистон ва кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя дар замони Истиқлолият  кӯшиши зиёд ба харҷ дода истодаем ва боварии комил дорам, он рӯз дур нест, ки сулҳу амонӣ дар ин кишвар пойдор мегардад.

Мухбири «Ал — ҷазира»: - Ҷаноби Президент, мехостам оид ба он ташаб­бусҳое, ки ба СММ вобаста ба масъалаҳои об ва истифодаи ҳадди аксари оқилонаи дарёҳои бузурги Тоҷикистон бар манфиати умум пешниҳод кардаед, назари худро баён доред:

Президент: - Бале, мо аз лиҳози захираҳои об, махсусан, оби ошомиданӣ, яке аз ҷойҳои  аввалро ишғол мекунем. Ҳатто беш аз шаст дарсади обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар дохили Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз дувоздаҳ ҳазор пирях вуҷуд дорад. Мушкилоти об, махсусан, оби ошомиданӣ, тибқи таҳлилҳое, ки мо дорем, оянда проблемаи ҷиддӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мешавад.

Аз ин лиҳоз, дар ҳамкорӣ бо дигар шарикон дар СММ чор маротиба бо ташаббус баромад кардем ва ҳоло ташаббуси чоруми мо — Даҳсолаи амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» амалӣ гашта истодааст. Мақсад аз ин ташаббусҳо дар он аст, ки ҷомеаи ҷаҳониро аз ин проблемаи глобалӣ ҳушдор диҳем, то дар ҳамкорӣ роҳҳои ҳалли онҳоро пайдо намоем. Мушкилоти кишварҳое, ки оби ошомиданӣ надоранд ё ин ки захираҳои оби коррезӣ ба онҳо камӣ мекунад, ҳаллу фасл карда шаванд. Маҳз аз ин лиҳоз, ман фикр мекунам, ин ташаббуси мо аз ҷониби кишварҳои аъзои СММ бо иттифоқи оро ва қабули катъномаи Маҷмаи умумии СММ пазироӣ гардид ва ҳоло амалӣ гашта истодааст. Ҳамин аст, ки бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Тоҷикистонро дар ин самт бисёр фаъолона дастгирӣ менамояд. Аз ин ташаббус ва пешниҳодҳо мо ягон ҳадафи дигар, аз ҷумла, сиёсӣ, надорем. Мо мехоҳем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ доир ба ин проблемаи глобалӣ бо назари нек, он чӣ ки дар асл вуҷуд дорад, мавқеъгирӣ намояд. Баъзан кишварҳое ҳастанд, ки мушкилиҳои сангини обӣ доранд. Онҳоро бояд кумак ва дастгирӣ кунем, то ин проблемаҳоро аз садди роҳашон бартараф намоем.

Дар хотима, ман шуморо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хуш омадед мегӯям, ҳар вақте ки имконият доред, новобаста аз вақти кушодашавии ягон иншоот, метавонед ба Тоҷикистон сафар ва аз гӯшаҳою манзараҳои зебои он дидан намоед. Бо пиряхҳо, зебогиҳои қисмати Бадахшон, ҳайвоноти нодир ва набототи Тоҷикистон шинос шавед. Тоҷикистон кишвари на он қадар бузург бошад ҳам, аз захираҳои табиӣ бой аст. Тоҷикистон на танҳо об, балки дигар захираҳои табиию минералии бисёр ғанӣ,  ба истиснои нефту газ, дорад.

www.president.tj